Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти зиндонии сиёсӣ, Аслан Гулобовро ба наздикон ва бастагони марҳум таслият арз мекунад ва барои онҳо аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил ва барои марҳум, биҳишти баринро масъалат мекунад.
Гуфтанист, Аслан Гулобов, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ӯ 35 сол дошт. Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ, Гулобов шоми 9-уми июн бар асари хунрезии меъда ҷон дод. Мақомот расман дар ин бора сӯҳбат намекунанд.
Бар пояи ин гузориш, хабари вафоти Аслан Гулобовро нахуст Анора Саркорова, рӯзноманигори тоҷики муқими Урупо дар Фейсбук нашр кардааст. Ба навиштаи ӯ, Гулобов гирифтори захми меъда буд ва сарфи назар аз шикояти зиёд, саривақт ёрии тиббӣ дарёфт накард.
Аслан Гулобов соли 2022 бо иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаи қатли Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон, дар соли 2012 гунаҳкор дониста ва ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Ҳамроҳи ӯ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков ва Хайримамад Дӯстмамадов ҳам умрбод зиндонӣ шуда буданд. Ҳарчанд онҳо даст доштан дар қатли Абдулло Назаровро рад карда буданд. Муҳокимаи онҳо паси дарҳои баста ҷараён гирифт.
Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ, Аслан Гулобов ва даҳҳо нафар аз чеҳраҳои шинохтаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар моҳҳои май-июни соли 2022 ва ба дунболи эътирозҳо дар ин минтақа боздошт шуданд. Он сол дар амалиёти мақомот наздик ба 40 сокини ВМКБ кушта шуданд. Мақомот онҳоро узви “гурӯҳи ҷиноятӣ” медонанд, вале сокинон мегӯянд, онҳо гуноҳ надоштанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва намояндагони Иттиҳоди Урупо чанд бор талаб карданд, ки саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин минтақа таҳқиқ шавад. Вале бо гузашти се сол аз эътирозҳо дар Бадашон ин талаб нодида гирифта шуд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
11.06.2025




Оставьте комментарий