Паёми таслияти КШНГЗС ба хотири даргузашти зиндонии сиёсӣ, Музаффар Давламиров

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти зиндонии сиёсӣ ва руҳонии маъруфи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), халифа Музаффар Давлатмировро таслият мегӯяд.

Ба гузориши Pamir Inside, халифа Музаффар Давлатмирови 61-сола дар зиндоне дар Ёвон чашм аз дунё бастааст.

Музаффар Давлатмиров кист?

Музаффар Давлатмиров дар 6 июли соли 1963 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаваллид шудааст. Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби шумораи 2-и шаҳри Хоруғ фаро гирифта. Вай халифаи маҳаллаи “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ буд. Ин шахсияти мазҳабӣ, дар миёни аҳолии Бадахшон аз обрӯву эътибори хоссе бархӯрдор буд.

Дар 4 августи соли 2022, Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Музаффар Давлатмировро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

27.06.2025

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑