Дар маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе (Словакия) аллакай чанд рӯз аст, ки Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон ва аз мунтақидони шинохтаи ҳукумати Душанбе, аз 10 август ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ӯ мегӯяд, ки парвандааш моҳҳо боз бебаррасӣ мондааст ва мақомот ҳеҷ тавзеҳ намедиҳанд.
«Манро бо айбҳои сохта боздошт карданд. Озод намекунанд ва намегӯянд, ки чаро. Ним сол аст дар ин ҷо ҳастам ва ҳеҷ кас чизе намегӯяд», — навиштааст ӯ дар номае, ки ба дасти хабарнигорони Радио Озодӣ расидааст. Ба гуфтаи Холмуродов, шароити нигаҳдорӣ номусоид аст ва ғизои мувофиқ дарёфт намекунад. То кунун мақомотии Словакия ҳеҷ шарҳе дар бораи вазъияти ӯ надодаанд.
Холмуродов дар Украина зиндагӣ мекард, вале моҳи феврали соли 2022 ҳангоми убур аз марз бо Словакия бо дархости Душанбе боздошт шуд. Дар аввали соли 2024 озод гардид, аммо баъд аз кӯшиши сафар ба Олмон, дубора аз сӯи пулис боздошт ва аз тарафи мақомот «таҳдиди амнияти миллӣ» эълон шуд.
19 январи соли 2025 додгоҳ ҳукми озодии ӯро содир кард, вале баъд аз чанд ҳафта, моҳи феврал, ҳангоми супоридани дубораи ҳуҷҷатҳои паноҳандагӣ боз дастгир гардид. Аз он замон то имрӯз на ҳукми нави додгоҳ вуҷуд дорад ва на шарҳи расмӣ дар бораи сабаби боздошт.
Ҳабси тӯлонии бе ҳукм ва бе иттиҳоми мушахха хилофи як қатор санадҳои байналмилалӣ мебошад, ки барои Словакия ҳам, чун кишвар узви ин созмонҳо, ҳатмӣ мебошанд:
Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ:
Моддаи 5: ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирӣ, талаботи зоҳир кардани боздоштшуда ба назди додрас дар фурсати кӯтоҳ.
Моддаи 6: муҳокимаи одилона дар муҳлати муаян.
Моддаи 13: дастрасӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ.
Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезагон (1951):
Моддаи 33: манъи ихроҷ ба кишваре, ки шахс дар он зери таҳдиди таъқиб қарор дорад, аз ҷумла барои ангезаҳои сиёсӣ.
Хартияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои асосӣ:
Моддаи 19: манъи бозгардонидан ба кишваре, ки хатари шиканҷа ё марг мавҷуд аст.
Моддаи 47: ҳуқуқ ба муҳокимаи одилона.
Моддаи 48: презумпсияи бегуноҳӣ.
Тибқи таҷрибаи Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, боздоштшуда бояд дар давоми 48–72 соат ба назди додрас оварда шавад ва ҳабси пеш аз ҳукм бояд асоснок ва бо муҳлати муаян бошад.
Хешовандони Холмуродов изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ӯро метавонанд ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Дар он ҷо ӯ бо айбҳои «ангезиши кинаи динӣ ва мазҳабӣ», «даъват ба ифротгароӣ» ва «ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ» ғоибона муттаҳам шудааст. Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ин гуна айбҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд, ки аксаран бар зидди мухолифон истифода мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир, сарнавишти Амриддин Холмуродов номуайян аст. Ӯ дар инзиво ва гуруснанишинӣ қарор дорад ва, ба гуфтаи худ, на ба талабҳояш посух мегирад ва на иттилое дар бораи парвандааш дорад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон талаб мекунад:
Баррасии фаврии боздошт ӯ дар додгоҳ,
Таъмини назорати тиббӣ дар шароити гуруснанишинӣ,
Кафолати дастрасӣ ба вакили дифоъ ва иттилоъ дар бораи парванда;
Манъи ихроҷ ба кишваре, ки хатари таъқиби сиёсӣ вуҷуд дорад.
Дар шароите, ки Холмуродов даст ба гуруснанишинӣ задааст, ҳар лаҳза хатар ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид мекунад.
Мо ба ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат меккнем, ва хоҳиш мекунем, ки қазияи Холмуродовро таҳти назорат бигиранд ва нагузоранд, ки ҳуқуқи шаҳрвандро дар Аврупо зери по кунанд.
Мо ба ҳукумати Словакия, ба ниҳодҳои дахлдори ин кишвар муроҷиат мекунем, ки ҳарчӣ зудтар ба ин қазия рӯшанӣ андозанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон





Оставьте комментарий