Ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Воҳидхон Қосиддинов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадори муқовим, устувор ва бедорро аввалан барои шахси худашон ва сипас хонавода, дӯстону пайравонашон табрик арз менамояд.

Воҳидхон Қосиддинов яке аз чеҳраҳои матин, рӯшанфикр ва муборизи фазои сиёсии Тоҷикистон мебошанд. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошад, ки номаш бо истиқомат, мубориза барои озодӣ, адолат ва ислоҳот ҳамеша қарин гаштааст.

Воҳидхон Қосиддинов ҳамчун узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва раиси дастгоҳи ҲНИТ нақши муассире дар шаклгирии сиёсати ислоҳотталабона ва мубориза бо худкомагӣ доштааст. Ӯ бо садоқати комил ба арзишҳои динӣ, миллӣ ва инсонӣ дар сафи пеши муборизони озодихоҳ қарор дошт.

Дар соли 2015, баъди саркӯби сиёсии ҲНИТ, Воҳидхон ҳамроҳ бо як қатор чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ бо иттиҳоми сохтаи “иштирок дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” боздошт ва ба 22 соли зиндон маҳкум гардид. Ин ҳукм на танҳо як беадолатии ошкор, балки як кӯшиши хомӯш сохтани виҷдони бедор ва садои ҳақиқат буд.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ӯ ва ҳамроҳонашро ҳамчун зиндониёни сиёсӣ ва қурбонии таъқиби ҳукумати худкома шинохтанд.

Бо вуҷуди маҳрумият ва фишор, номи ӯ дар байни ҷомеаи сиёсӣ ва мардум бо эҳтиром ва қадрдонӣ зикр мешавад. Ӯ рамзи истодагарӣ, озодихоҳӣ, муқовимат ва устуворӣ боқӣ мемонад.

КШНГЗС ба ифтихори рӯзи таваллудашон бо самимият ва эҳтиром барояшон сабру истодагарии бештар, қуввату рӯҳи баланд, ва озодии ҳарчи зудтарро таманно менамояд.

Бигзор ҷашни таваллудашон барои ҳамаи онҳое ки ба роҳи ӯ бовар доранд, рӯҳи наве бахшад ва мубориза барои озодӣ ва адолатро устувортар гардонад.

Зодрӯзатон муборак, устоди гиромӣ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава

21.08.2025

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑