Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ба: Amnesty International, Human Rights Watch, Reporters Without Borders (RSF), Committee to Protect Journalists (CPJ), Front Line Defenders ва дигар созмонҳои марбута.

Мавзӯъ: Изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Хонумон ва ҷанобони мӯҳтарам!

Ҳадаф ва мақсади Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Махсусан, ҳифзи гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чанд соли охир ба он рӯ ба рӯ мешаванд, кори ҳаррӯзаи кумита аст.

Таҷрибаи ин чанд соли фаъолият ва дархосту талабҳои пайвастаи кумита, созмонҳои ҳуқуқи инсон, СММ, сиёсатмадорони маъруф нишон дод, ки ҳукумати Раҳмон ҳеҷ дархосту талаби ҷомеаи байналмилалиро ба инобат нагирифтаву нахоҳад гирифт.

Парвандаҳои сохта, шиканҷа, зӯроварӣ, қатли мардуми бегуноҳ, фишор овардан ба озодии баён, дар тарсу ваҳм нигоҳ доштани шаҳрвандон барои ин ҳуқумати хонаводагӣ, ки мустақилияти судӣ дар он дида намешавад, ба як амри воқеӣ табдил ёфтааст.

Бо парвандаҳои сохта бегуноҳ зиндон намудани шаҳрвандон як тараф истад, акнун зиндонҳоро низ ба “лагери марг” табдил додаанд.

На фақат дастрасӣ ба доруву дармон, ҳамчунин дар ҳуҷраҳои тангу тор нигоҳ доштани маҳбусон, онҳоро дар зери фишору шиканҷа қарор додан боиси марги маҳбус мегардад.

Яъне ба назар мерасад, ки онҳоеро, ки дар паси дарҳои баста бе ҳузури шоҳидон суд мекунанд ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ акнун бояд дар зиндон бимиранд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ аз “сирри ҳуқумати хонаводагӣ”огоҳ нагардад.

Ин амр аз ҳукми қатл ҳам бадтар аст. Бо сабабҳои гуногун ҳалок шудани чанд маҳбуси бадахшонӣ гувоҳӣ ин гуфтаҳо хоҳанд буд. Раҳмон ва ҳукуматаш агар заррае ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузоштанд, он маҳбусонеро, ки бегуноҳ зиндон намудаанд ин қадар таҳқиру азият намекарданд

Бегуноҳ зиндонӣ шуданд, ин худ нишонаи набудани адолат дар кишвар аст. Барои ақидаи сиёсӣ ё камбудии ҳукуматро ифшо намудан зиндонӣ намудани шаҳрвандон ва онҳоро дар зиндон дар бадтарин ҳолат нигоҳ доштан танҳо хоси режимҳои диктаторӣ аст.

Имрӯз қотилону террорстон дар зиндон вазъи беҳтар доранд аз он вазъе, ки маҳбусони сиёсӣ, озодандешон, журналисту блогерон доранд. Онҳо одам куштаанд, инҳо бошад ҷомеаро ба сӯи рӯшанӣ ҳидоят кардаанд. Дар зиндони низомаш сахт нигоҳ доштани хабарнигорон, блогерон ва маҳбусони сиёсӣ, ин хеле золимона убур намудани марзҳои инсонӣ аст.

Қонунгузории Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои маҳбусон

Дар Тоҷикистон Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиби иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва ҳамчунин Конститутсия мавҷуд аст, ки баъзе ҳуқуқҳоро барои маҳбусон эътироф мекунанд:

Ҳуқуқ ба саломатӣ ва табобат

Қонуни иҷрои ҷазо (моддаҳои дахлдор) пешбинӣ мекунад, ки маҳбус бояд хизматрасонии тиббиро гирад.

Дар амал, тибқи гузоришҳо, бемориҳои ҷиддии маҳбусон бе табобати зарурӣ мемонанд.

Ҳуқуқ ба муошират бо оила

Қонун иҷозати дидорбинӣ ва ирсоли мактубро медиҳад.

Аммо бисёр вақт маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ гузошта мешаванд.

Моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳеҷ кас шиканҷа ё муносибати ғайриинсонӣ ва таҳқиромезро набояд таҳаммул кунад».

Меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

Nelson Mandela Rules (Standard Minimum Rules for the Treatment of Prisoners, 2015)

Қавонини мазкур муайян мекунанд, ки маҳбусон бояд ҳамон имкониятҳои беҳдоштӣ ва тиббӣ дошта бошанд, ки мардум дар ҷомеа доранд.

Маълумоти тиббӣ, ташхисҳои зарурӣ, табобатҳои ҷарроҳӣ ё ихтисосӣ (specialist treatment) бояд таъмин шаванд. Агар дар зиндон ин имкон набошад, маҳбус бояд ба муассисаҳои беруна фиристода шавад.

Қоидаҳои аврупоӣ оид ба зиндонҳо (European Prison Rules)

Ин меъёрҳо низ баробарии дастрасӣ ба хизматгузориҳои тандурустиро талаб мекунанд, бе дискриминатсия аз рӯи мавқеи ҳуқуқӣ.

Конвенсияҳои ҳуқуқҳои башар ва дигар созишномаҳо

Махсусан Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон разоият додааст, ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба табобат, ва манъи табобати маҳдуди тиббиро дар бар мегирад.

Маҳбусон ҳақ доранд, бо эҳтиром ба арзиши инсонӣ муносибат ёбанд ва бо табобат нигоҳдорӣ шаванд — бе шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ.

Инҷо бояд қайд намуд, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нигаронии амиқи худро аз вазъи саломатии рӯзноманигори маъруф ва зиндонии сиёсӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода баён менамояд.

Бар асоси маълумоти дақиқ, саломатии ӯ дар маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Душанбе ба таври ҷиддӣ бад гардида, ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный”, интиқол дода шудааст. Аммо маълум нест, ки кумаки тиббӣ ба ӯ ба таври муносиб ва зарурӣ сари вақт расонида мешавад ё не.

Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд. Дар як номае, ки баъди боздошташ навишта буд, омадааст, ки ӯ аз рӯзҳои аввал зери шиканҷа ва фишори равонӣ қарор дошт, то ба гуноҳҳои сохта иқрор шавад. Ин иддаоҳоро мақомот, бахусус Додситонии кул, рад кардаанд, вале ҳеҷ таҳқиқи мустақил ва шаффоф анҷом нагирифтааст.

Аз соли 2022 ба ин тараф мақомоти Тоҷикистон беш аз даҳ рӯзноманигору блогерро бо иттиҳоми “ифротгароӣ” дар додгоҳҳоӣ пӯшида ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардаанд. Ин раванд боиси маҳдудияти ҷиддии озодии баён ва афзоиши худсонсурӣ дар ҷомеа шудааст. Дар ҳамин давра ҳадди ақал 7 зиндонӣ ба сабаби дер расидани кумаки тиббӣ ҷон бохтаанд.

Рӯзноманигорон ба мисли Ҳикматулло Сайфуллозода, Завқибек Сайидаминӣ, Абдуқаҳори Давлат ва хеле аз зиндониҳои дигари сиёсӣ низ аз саривақт дастрасӣ надоштанашон ба табобат аз дарду маризиҳои мухталиф ранҷ мекашанд.

Бо дарназардошти вазъияти феълии зиндониҳоӣ сиёсӣ ва муҳити хатарноки зиндонҳои Тоҷикистон, КШНГЗСТ аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ эҳтиромона талаб менамояд:

1. Фишорҳои дипломатӣ ва расмӣ болои ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда шавад;

2. Таҳқиқи мустақил аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо созмонҳои дохилӣ, намояндагии “Салиби Сурх” ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳар чӣ зудтар оид ба шиканҷаву фишор ба рӯзноманигорон ва зиндониёни сиёсӣ анҷом дода шавад;

Созмонҳои ҳуқуқи башар талошҳоро барои озодии Абдусатор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳори Давлат ва дигар зиндониёни сиёсӣ тақвият бахшанд ва барояшон шароити беҳтари нигоҳдошт дар зиндонро талаб намоянд

3. Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ талошҳоро барои озодии бидуни қайду шарт барои ӯ ва дигар рӯзноманигорони зиндонии сиёсӣ тақвият бахшанд;

4. Мақомоти Тоҷикистон кумаки босифат ва саривақти тиббиро ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода расонанд.

КШНГЗСТ бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ ва дар шароите, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо рӯзноманигору блогерро бо парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ ва дар додгоҳҳои пӯшида зиндонӣ кардаанд, шадидан изҳори нигаронӣ менамояд.

Бо эҳтиром ва қадрдонӣ аз талошҳои пайвастаи шумо дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо умеди ҳамкории минбаъда ва иқдомҳои фаврии байналмилалӣ дар ҳимояи ҷони рӯзноманигорони озодандеш ва зиндониёни сиёсӣ.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

13 сентябри 2025

ш. Варшава

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑