Куҳансолтарин зиндонии режими Раҳмон – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ба шаҳодат расид
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ хабари марги сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф, узви Раёсати олии ҲНИТ ва сардабири собиқи рӯзномаи «Наҷот» – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро дар зиндон ба пайвандон ва ҳамсафони ӯ таслият мегӯяд.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ 8-уми августи соли 1945 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбишев) таваллуд шуда, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сардабири нашрияи расмии ҲНИТ – рӯзномаи «Наҷот» фаъолият карда, дар охирин марҳилаи фаъолияти худ то замони зиндонӣ шудан, роҳбарии Академияи ҲНИТ-ро ба уҳда дошт.
Бо вуҷуди синну соли куҳан ва бемориҳои ҷиддӣ, соли 2015 дар доираи саркӯби сиёсӣ алайҳи ҲНИТ бо иттиҳомҳои сохта боздошт ва ба 25 соли зиндон маҳкум гардид. Шаби гӯзашта Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ба шаҳодат расид.
Кумита масъулияти марги Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро пурра бар дӯши низоми сиёсии ҳоким медонад ва таъкид мекунад, ки таъқиби мухолифон ва нигаҳ доштани онҳо дар шароити ғайриинсонӣ боиси чунин фоҷиаҳо шудааст.
Мо ин талафоти бузургро ба аҳли хонавода, пайравон ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон таслият мегӯем ва ҷомеаи ҷаҳониро боз ҳам даъват менамоем, ки барои озодии фаврии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Ёди Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ҷовидон бод.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон





Оставьте комментарий