Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ бо нигаронии ҷиддӣ марги мармузи Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро пас аз як ҳафтаи боздошт аз ҷониби мақомоти амният маҳкум мекунад.
Ба иттилои наздикон, ҷасади ӯ рӯзи 13 октябри 2025 ба хонаводааш супорида шудааст, осори нишонаҳои шиканҷа аз изи барқ, кабудиҳо зиёди бадан ва шикастагии пой доштааст. Ҷасади ӯро зери тадобири шадиди амниятӣ ба наздиконаш таҳвил додаанд.
Мақомот иддао доранд, ки вай “дар боздошт худкушӣ кардааст”, аммо ягон таҳқиқоти мустақил ва изҳороти расмӣ нашр нашудааст.
Саидаъзам, ки барои таҳияи санадҳояш аз Олмон ба Душанбе рафта буд, рӯзи 6 октябр дар фурудгоҳ аз ҷониби кормандони амният боздошт шудааст. Ба гуфтаи наздикон, сабаби боздошт риши дароз ва наворҳои мазҳабӣ дар телефони ӯ будааст.
КШНГЗС ин ҳодисаро вайронкунии возеҳи Конвенсияи зидди шиканҷа ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, талаб дорад:
Таҳқиқоти мустақилли байналмилалӣ дар бораи марги Саидаъзам Раҳмонов гузаронда шуда, аз натиҷааш иттилоъ диҳанд.
Инчунин Кумита аз мақомоти амниятӣ талаб мекунад, ки даст аз қонуншиканӣ бардорад ва боздоштҳои пинҳонӣ ва шиканҷаро дар Тоҷикистон хотима диҳад.
Кумита ҳамдардии худро ба хонаводаи марҳум баён намуда, таъкид мекунад, ки бе таҳқиқи шаффоф ва одилона ин қазия наметавонад басташуда ҳисобида шавад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ
14.10.2025
Варшава, Поланд




Оставьте комментарий