Ба муносибати зодрӯзи Маҳмадалӣ Ҳаит

Имрӯз, 20 октябр, шахсияти барҷаста ва муборизи матини роҳи озодӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит (Хайитов Маҳмадалӣ Раҳмонович) — арбоби шинохтаи сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Шӯрои сиёсии ҳизб, собиқ афсари ГРУ-и Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандаи ордени Ситораи Сурхи Шӯравӣ, зодрӯз дорад.

Маҳмадалӣ Ҳаит, ки 20 октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст, тамоми умри худро ба хизмати миллат, ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва мубориза барои адолат бахшидааст. Ӯ аз зумраи он фарзандони далери миллат аст, ки дар замонҳои душвор ба ифтихори инсону ватани худ пофишорӣ кард ва барои ормони озодӣ, адолат ва ҳақиқат аз озодии шахсии худ гузашт.

Аз 16 сентябри соли 2015, Маҳмадалӣ Ҳаит бо иттиҳомҳои комилан сиёсӣ аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт ва маҳрум аз озодӣ гардид. Дар ин даҳ соли сангин, ӯ бо иродаи қавӣ, сабр ва рӯҳи шикастнопазир, ба намунаи зиндаи матонат ва устуворӣ ба рамзи виҷдони бедор ва истиқомат табдил  гаштааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ӯро, фарзандону дӯстонашро ба муносибати зодрӯзаш табрик мегӯяд ва изҳори эҳтиром ба шахсият, хизматҳо ва иродаи шикастнопазири ӯ мекунад. Мо итминон дорем, ки рӯзе адолат ғолиб хоҳад омад ва тамоми зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит, озод хоҳанд шуд.

Ва ҳамеша, номи ӯ ҳамчун рамзи устуворӣ ва шарафи инсонӣ дар саҳифаи таърихи Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Зодрӯз муборак, ҷаноби Ҳаит!

Бо эҳтиром ва сипос,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

20 октябри 2025, Варшава

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑