ба
Вазорати корҳои дохилии Олмон, Шуъбаи федеролии муҳоҷират ва шаҳрвандии ин кишвар(BAMF),
Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе,
Дафтари Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR),
Созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар (Amnesty International, Human Rights Watch)
Нигаронӣ оид ба боздошт, шиканҷа ва марги мармузи шаҳрванди Тоҷикистон Саидаъзам Раҳмонов дар боздошгоҳ.
Мӯҳтарам хонумон ва ҷанобон,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ борҳо тавассути номаҳо аз поймол шудани ҳуқуқи инсон, махсусан боздоштшудаҳо иттилоъ дода буд. Тайи чанд моҳи охир дар зиндонҳои Тоҷикистон чанд нафар аз сабаби нагирифтани ёрии сари вақтии тиббӣ ва шиканҷа ҷони худро аз даст доданд, вале ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно фишорро бештар мекунад ва зери тарсу ҳарос нигоҳ доштани ҷавонон, бо баҳонаи доштани риш, ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрав, наворҳои хусусияти динӣ дошта ва ғайра бе далел муддати муайян онҳоро дар боздоштгоҳ нигоҳ медорад ва ба пайвандонашон ҷойи нигаҳдории онҳоро намегӯяд. Чунин ҳолат бо Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамсари олмонӣ дошт, рух дод. Ин ҷавон баъди издивоҷ бо шаҳрванди Олмон бо мақсади ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояш ба Тоҷикистон сафар намуда буд. Маълум аст, ки аз вазъи имрӯзаи Тоҷикистон Шумо низ ба хубӣ огоҳ ҳастед, чун барояш тавсияи ба Тоҷикистон нарафтанро дода будаед. Мутаассифона, баъзан ҷавонон, онҳое, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд ба ваъдаи мақомот дар бораи бехатарӣ ва авф бовар карда ба Тоҷикистон мераванд, аммо дар худи фурӯдгоҳ боздошт мешаванд. Раҳмонов ҳам ба ин ваъдаҳо бовар намуда бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояш ба Тоҷикистон рафта буд. Саидаъзам Раҳмонов чанд муддат дар Тоҷикистон мунтазири гирифтани раводид ва бозгашт ба назди ҳамсараш буд. Аммо ҳангоми сафар ба ҷумҳурии Русия ӯро дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Хонаводааш аз ин боздошт хабар надоштанд ва агар дӯсташ аз Маскав хабар намедод, ки Саидаъзам наомад ва хонаводааш ба суроғаш намебаромаданд, кормандони амният ҳамин тавр барои пӯшонидани изи ҷиноят дар ягон ҷой ӯро пинҳонӣ таги хок мекарданд. Ҳарчанд ӯ 13 октябри соли 2025 пас аз як ҳафтаи боздошт дар дастгоҳи амнияти Тоҷикистон ҷон бохтааст ба хотири чорабиниҳои дар Тоҷикистон ҷараён дошта ҷасади ӯро баъди чанд рӯз зери назорати шадиди амниятӣ ба хонаводааш таҳвил дода, худашон дар маросими ба хок супурданаш иштирок доштанд. Амниятиҳо сабаби марги Раҳмоновро «худкушӣ» унвон карданд,
аммо ба гуфти хонавода ва манобеи мустақил дар ҷасади ӯ нишонаҳои рӯшани шиканҷа, изи дастгоҳи барқӣ ва пойи шикаста дида мешуд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи сабаби марги ин ҷавон ягон гузориши расмӣ надоданд. Аз ин рӯ Кумита изҳор медорад, ки Саидаъзам Раҳмонов қурбонии шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон бо ин боздошт меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷа (моддаҳои 2, 4 ва 12), Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (моддаҳои 6 ва 7) ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (моддаи 5)-ро дағалона вайрон намудааст.
Дар ин замина, Кумита аз мақомоти Олмон ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар эҳтиромона дархост мекунад:
— таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ ва додгоҳӣ дар робита ба боздошт ва марги Саидаъзам Раҳмоновро ба роҳ монед.
— дархости расмӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои пешниҳоди пурраи парванда ва гузаронидани ташхиси додгоҳиву тиббии мустақил бо иштироки намояндагони сафорати Олмон дар Тоҷикистонро талаб намоед
— Натиҷаи ин ташхис тавассути ВАО эълон шуда, омилони ин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд
дарёфти вокуниши қатъии ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба шиканҷа ва қатли шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳои амниятӣ ҳаматарафа санҷида шавад ва ба боздоштҳои ғайриқонунӣ хотима дода шавад
-талаб карда шавад, ки дар сурати боздошт дар фурӯдгоҳ ва дигар ҷойҳо тӯли 24 соат ба хонаводаашон хабар дода шавад ва боздоштшуда аз соати аввали боздошт бо вакил таъмин шавад.
Инчунин кишварҳои демократие, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси паноҳанда дар он ҷо зиндагӣ мекунанд дар вақти талаб намудани баъзе ҳуҷҷатҳо, ки онҳоро аз сафорати Тоҷикистон мегиранд, аз эҳтиёт кор гирад, чун ҳуқуқи ин шаҳрвандон дар худи бинои сафорат поймол мешавад ва онҳоро дар тарсу ҳарос нигоҳ медорад. Масалан, аз Олмон борҳо шикоятҳо расиданд, ки аз паноҳҷӯёнҳангоми муроҷиат ба сафорат барои гирифтани ҳуҷҷат ба фарзандҳояшон талаб мекунанд, ки парвандаи худро ба сафорат ирсол доранд ва фақат дар он сурат ҳуҷҷат гирифта метавонанд. Албатта ин талаб зидди меёрҳои байналмилалӣ аст.
Имрӯз ягона роҳи хотима бахшидан ба ҷиноятҳои ҳукумати Раҳмон ин якҷоя садо баланд намудани ҷомеаи демократӣ дар баробари чунин ҷиноятҳо ҳаст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравонон ва зиндониёни сиёсӣ омода аст, тамоми иттилооти мавҷударо барои тафтишот пешниҳод кунад
Лутфан, ин парвандаро ба таври фаврӣ мавриди баррасии расмӣ қарор диҳед.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ
Варшава, 18 октябри 2025





Оставьте комментарий