Ба ҷаноби Радослав Дарский,
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳтарам ҷаноб Дарский,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо эҳтиром шуморо ба ҳайси Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯяд ва орзуманд аст, ки ҳузури Шумо дар ин кишвар ба таҳкими арзишҳои ҳуқуқи инсон, адолат ва қонунмандӣ мусоидат намояд.
Мо бо нигаронӣ ҳолати зиндониёни сиёсӣ, рӯзноманигорон, вакилони дифоъ ва фаъолони иҷтимоии дар зиндонбуда дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунем.
Бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва арзишҳои Иттиҳоди Аврупо, ки Тоҷикистон низ дар доираи созишномаҳои худ онҳоро эътироф кардааст, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки масъалаи зеринро дар гуфтугӯҳо бо мақомоти давлатӣ матраҳ намоед:
1) Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз фишор ва таъқиби зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо даст бардорад;
2) Зиндониёне, ки синну солашон аз 70 гузаштааст, бояд озод гарданд ё шароити нигаҳдории онҳо ба ҳолатҳои сабуктар (монанди ҳабси хонагӣ) иваз карда шавад;
3) Заноне, ки бо иттиҳомоти сиёсӣ маҳкум шудаанд, бояд фавран озод шаванд;
4) Рӯзноманигорони зиндонӣ, ки танҳо барои иҷрои вазифаи касбии худ маҳкум шудаанд, бояд бе таъхир раҳо шаванд;
5) Вакилони дифоъ, ки ба ҷои ҷиноят танҳо иҷрои вазифаи ҳуқуқии худро анҷом додаанд, низ бояд аз ҳабс озод гарданд;
6) Зиндониёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки пас аз рӯйдодҳои моҳи майи соли 2022 боздошт шудаанд, бояд фавран озод карда шаванд.
Мо итминон дорем, ки дахолати фаъол ва принсипиалии Иттиҳоди Аврупо метавонад ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва раҳоии садҳо нафар зиндониёни бегуноҳ мусоидат намояд.
Бо эҳтиром,
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
13.11.2025




Оставьте комментарий