Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи Сӯҳроби Зафар, роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”-ро аввалан ба шахси худашон ва ва сипас ба ҳамаи аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисонашон ва минҷумла роҳбарият ва аъзову ҷонибдорони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” табрик арз менамояд.
Сӯҳроби Зафар кист?
24 ноябр рӯзи таваллуди Сӯҳроби Зафар аст. Ҷавонмарде, ки ҳубби Ватан, адолат ва ҳақиқатро аз ҳама болотар мегузошт.
Сӯҳроб аз айёми ҷавонӣ бо ростқавлӣ ва ҷасорат ном бароварда буд. Соли 1995 мактабро хатм намуда, ба хизмати ҳарбӣ рафт ва дар Горди миллии Тоҷикистон бо садоқат хизмат кард.
Беадолатӣ ва зулмро таҳаммул намекард. Пас аз боздошти генерал Ғаффор Мирзоев, аз ин ки хоҳарзодаи ӯ буд, фишорҳо болои ӯ афзоиш ёфт ва Сӯҳроб маҷбур шуд барои идомаи мубориза ва ҳифзи ҷони худ кишварро тарк кунад.
Соли 2012 дар Маскав, бо Умаралӣ Қувватов ва дигар фаъолон ба ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” пайваст. Сӯҳроб дер бедор сохтани садҳо мубориз саҳм дорад. На танҳо саҳм дорад, балки баъди қатли роҳбари “Гурӯҳи-24” тавонист ин интизоми сиёсиро мустаҳкам нигоҳ дорад ва қавӣ созад. Бо ҳамон имконоти ночизе, ки дошт истодагарӣ кард ва масъулиятеро, ки бар дӯш гирифта буд, ба таври шоиста анҷом дод. На ҳуҷҷати дуруст дошт ва на аз ниҳодҳои кишваре, ки буд ҳимоя меёфт. То охирин лаҳза бо сари баланд, бо ҷасорат ва матонат кор мекард. Ҳамин хислатҳои ҷавонмардии ӯ буд, ки “Гурӯҳи-24” бо қадамҳои устувор роҳ мерафт. Ӯ улгу буд ва улгу монд.
Соли 2024 ӯро ғайриқонунӣ рабуданд ва ба Душанбе интиқол доданд. Додгоҳ ӯро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукме, ки сар то по сиёсӣ буд.
Сухани охирини таърихии ӯ ба саволи додрас, ки: “Пушаймонед?” чунин буд:
“Ман аз касе пора нагирифтаам. Ҳаққи касеро нахӯрдаам ва касеро накуштаам ва ҳеч кори хилофи қонуни башарӣ накардаам, ки пушаймон шавам. Ба халқам хиёнат накардаам ва созмони мо ҳам ифротиву террористӣ нест, танҳо барои халқи худ мубориза бурдаам ва аз ин ҳеҷ гоҳ пушаймон нестам.”
Ин сухан рамзи ҷасорат, садоқат ва рӯҳи шикастнопазири ӯст. Ва ин суханон садҳо нафари дигарро мубориз сохт.
Ӯ роҳбари ҳаракате буд, ки барои демократия, ҳуқуқи инсон ва ислоҳот дар Тоҷикистон даъват мекунад. Ӯ ва ҳаракати ӯ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсии ҷавонон дар берун ва дохили кишвар саҳми калоне доранд.
Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, ӯ ва ҳаракати ӯро созмони эктремистӣ эълон карда ва алайҳаш мубориза мебаранд ва аз дигар кишварҳо истирдоди роҳбарону фаъолони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро талаб мекунанд, то бар саркӯби сиёсии худ афзоянд ва ҷомеа таҳти назораташон бошад ва паёме бошад бар ҷомеа, ки чунин фаъолиятҳо ҷазо доранд.
Сӯҳроб пеш аз истирдодаш ба Тоҷикистон, дар Туркия ва дар маърази хатар зиндагӣ мекард ва борҳо мақомоти Тоҷикистон истирдоди ӯ ва ҳамроҳонашро талаб карданд ва ӯ ва ҳамроҳонаш боздошту зиндон низ шуда буданд, вале ин ҳеч таъсире бар азм ва ҳадафашон нарасонда буд ва бар муборизаашон идома медоданд.
Агарчӣ имрӯз мутаассифона мақомоти Тоҷикистон шермардоне ба мисли Сӯҳробро зиндонӣ кардаанд, вале дониста бошанд, ки роҳи онҳоро, фикру андешаи онҳоро ва ҳадафу муборизаи онҳоро ҳеч гоҳ истирдоду зиндонӣ карда наметавонанд ва ин мубориза ва ин роҳ тавассути раҳравони Сӯҳроб ва дигар азизони зиндонии роҳи озодӣ то пирӯзии ҳақ бар ботил идома хоҳад кард, иншоаллоҳ.
КШНГЗС арзишҳои озодӣ, демократия ва ҳуқуқи инсонро муҳим медонад ва бо ин муносибат бори дигар зодрӯзатонро ба шумо табрик мегӯяд ва аз Худованди бузург озодии ҳар чи зудтари шумо ва тамоми азизони зиндониёни сиёсиро талаб дорад.
Зодрӯзат муборак, Сӯҳроб!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Варшава
24.11.2025




Оставьте комментарий