Имрӯз зодрӯзи се озодаи тоҷик аст

Имрӯз (28 ноябр) зодрӯзи се зиндонии сиёсии тоҷик аст: Муслим Шерзамонов, Завқибек Саидмаинӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ин се қаҳрамон ба ин муносибат, эълом медорад, ки тамоми кӯшиш ва талоши худро барои озод кардани яко-яки зиндониёни сиёсии тоҷикистонӣ, ки бе ҳеч “гуноҳе” ба ҷуз ин ки дар баробари ситамгар истода ва сухани ҳақ гуфтаанд намебошад, ба харҷ медиҳад, ҳамон тавре ки то ба имрӯз чунин кардааст.

Муслим Шерзамонов кист?

Муслим Шерзамонов дар таърихи 28 ноябри соли 1966 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) зода шудааст.

Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби шумораи 8-и ҳамин шаҳр фаро гирифта ва бо шаҳодатномаи (аттестати) аъло онро ба поён расондааст.

Муслим Шерзамонов аз соли 1982 то 1986 дар техникуми бинокорӣ (строительный техникум)-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст.

Вай аз соли 1986 то 1988 дар саффи артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) дар воҳиди ракетии стратегӣ (ракетные войска стратегического назначения ва ба ихтисор: РВСН) хидмат карда.

Муслим Шерзамонов дар солҳои 1999 то 2006 дар қӯшунҳои сарҳадии артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат ва то рутбаи майор пеш рафтааст.

Ӯ ба сурати ғоибона дар донишгоҳ таҳсил ва соҳиби диплом дар риштаи таърих ва ҳуқуқ гардидааст.

Муслим Шерзамонов дар бинои бисёре аз иншооти муҳим дар кишвар аз замони Шӯравӣ то ба имрӯз ҳамчун мухандис саҳм гузоштааст.

Вай оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст.

Гуфтанист, ӯро фақат ба ин хотир, ки бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Милли Тоҷикистон аст, барои 18 сол равонаи зиндон кардаанд, вагарна Муслим Шерзамонов ҳеч “гуноҳе” надошт. Дар назди режими Раҳмон одат аст, ки алами мухолифи хешро аз бародар ва ё хоҳари ӯ бигиранд ва шаҳрвандон баҳои “гуноҳи” бастагони худро бипардозанд.

Завқибек Саидаминӣ кист?

Завқибек Саидаминӣ зодаи 28 ноябри соли 1983 дар шаҳри Роғуни Тоҷикистон аст. Вай дар соли 1991 вориди мактаби миёнаи рақами 28-и зодгоҳаш шуда ва дар соли 2002 онро хатм кардааст. Пас аз хатми риштаи рӯзноманигорӣ, Завқибек дар “Симои мустақилли Тоҷикистон” маъруф ба “CMT Online” ба унвони рӯзноманигор фаъолият карда ва аз соли 2010 то соли 2012 дар нашрияи “ИмрӯзNews” фаъолият намудааст.

Завқибек Саидаминӣ аз соли 2013 то соли 2019 дар Созмони телевизиони Тоҷикистон кору фаъолият намуда. Ӯ ба унвони муҷрӣ ва низ муҳаррир дар ин созмон кор кардааст.

Вай бо сӯҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур буд, аз зумраи онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқат гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.

Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд. Ӯ мағозае дошт ба номи “Нинича” ва ба фурӯши асбоббозӣ ва тӯҳфаҳои гуногун машғул буд.

Бино бар охирин хабар (гузорише дар Радиои Озодӣ дар 26 октябри 2022) додгоҳи вай дари 26-уми октябр паси дарҳои баста ва бе ҳузури пайвандонаш идома кард. Маълум нест, тарафҳо чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд. Вакили мудофеъ баъди мурофиа нахост, гап занад.

Завқибек моҳи июли 2022 дастгир шуда, ба ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар шуд. Худаш қаблан гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест. Ҳар ду ҳизб ҳар гуна ҳамкориро бо Завқибек Саидаминӣ рад кардаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода кист?

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-соларо 8-уми июли 2022 дар шаҳри Ваҳдат дастгир карданд. Худаш мегӯяд, барои дигарандешӣ ва танқидаш аз амалкарди мақомот аз ӯ ниқор гирифтаанд.

Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑