Паёми таслияти КШНГЗС // Шерик Карамхудоев кӣ буд?

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) шаҳодати Шерик Карамхудоев, зиндонии сиёсӣ ва намояндаи пешини ҲНИТ дар шаҳри Хоруғро таслият мегӯяд ва барои бастагон ва наздикон ва ҳамчунин раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сабри ҷамил хоҳон аст.

Бино ба хабари рӯзноманигори мустақил, Анора Саркорова бо истинод ба манбаъҳои мувассақ, “Шерик Карамхудоев чанд соат пеш аз марг дучори заъфи ногаҳонӣ, дилбеҳузурии шадид ва қайкунӣ шуд. Бо ин вуҷуд, мақомоти зиндон ба маҳбуси сиёсӣ ёрии пизишкии зарурӣ нарасонданд.”

Шерик Карамхудоев кӣ буд?

Карамхудоев Шерик Элчибекович зодаи 29 апрели соли 1970 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ӯ мактаби миёнаи ба номи Юрий Гагарини шаҳри Хоруғро хатм ва сипас дар риштаи бухгалтерии Техникуми ҳамин шаҳр шурӯъ ба таҳсил кард, аммо ба сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ, муваффақ ба итмоми таҳсил дар ин маркази илмӣ нашуд.

Падари ӯ, Элчибек Карамхудоев, замоне, ки Шерик дар синфи 10-ум мехонд, аз дунё чашм пӯшидааст. Модараш дар сентябри 2021 вафот ёфта.

Шерик ба монанди бисёре аз тоҷикистониҳо, дар як хонаводаи сефарзанде ба воя расидааст. Ӯ бемор ва инвалиди гурӯҳи 3 ба шумор меравад.

Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши хоруғии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд.

Вай моҳи июли соли 2012 аз сӯи мақомоти интизомии кишвар дар Хоруғ боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ ва интизомӣ иттиҳомоти бепояеро ба пойи ӯ бастанд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Пайвандони Шерик дар майи соли 2013, парванда алайҳи ӯро сиёсӣ донистанд. Шерик Карамхудоев ҳамроҳ бо Димон Ашӯров барои як силсила иттиҳомоти бепоя муҳокима шуданд. Масъулони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боздошти ӯро натиҷаи иқдоми ҳукумат барои амалӣ кардани қарорҳои Протоколи 32-20 донистанд.

Мурофиаи Карамхудоев ва Ашӯров дуввумин мурофиаи марбут ба амалиёти соли 2012 дар Хоруғ буд, ки рӯзи 24 июли 2013 оғоз шуд. Ӯ ва Димонро ба иттиҳоми қатли раиси вақти идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров ва чанд иттиҳоми дигар зиндонӣ карданд; иттиҳомҳое, ки ҳар ду ҷавон онҳоро шадидан рад карданд.

Дар майи соли 2013, Файзи Олӣ — вакили дифои Шерик Карамхудоев гуфт, ки “зерҳимояи вай дар мурофиаи ниҳоии Додгоҳи олӣ таъкид кардааст, ки ба истиснои иттиҳоми ҳифзи ғайриқонунии силоҳ, дигар айбҳоро эътироф намекунад.”

Вале ба гуфтаи ин вакили дифоъ, “Шерик Карамхудоев гуфт, ки моддаи 195-ро ҳам ба хотири он қисман эътироф мекунад, ки ба зӯрӣ ба гардани вай гузошта шудааст.”

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑