Зодрӯз муборак, устод! 

Имрӯз солрӯзи таввалуди донишманд, мутафаккир ва инсони нексиришт, устод Сайидюнуси Истаравшанӣ аст.

Устод 13-десамбари соли 1969, дар шаҳри бостонии Истаравшани ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри бошуҳрат, ки қарнҳо маркази илму дониш ва фарҳангу андеша буд, ба дунё омадааст.

Зиндагии устод саросар ҷустуҷӯ, андеша ва хидмат ба ҷомеаву дини мубини ислом аст. Аз омӯзиши наққошӣ гирифта то таҳсили улуми диниву дунявӣ, аз фалсафа гирифта то ҳикмат, аз Истаравшан то Саратову Тошканд, аз Тошканд то Теҳрону Дамишқу Бейрут, ҳама ин мароҳил гувоҳи хастанопазирии ӯ дар талаби илму донишу ҳикмат аст.

Устод Истаравшанӣ солҳои зиёдро сарфи таҳқиқоти илмӣ, тадрис ва парвариш барои рӯшангарӣ дар ҷомеъа кардааст. 

Имрӯз ӯ ба унвони устоди фалсафа ва ҳикмат дар яке аз донишгоҳҳои муътабари Ховари Миёна дар хизмати башарият аст.

Устод аз ҷумлаи донишмандонест, ки миёни тафаккури динӣ ва тафаккури илмӣ пули маърифат бастааст ва дар таҳияи тафаккури ҷомеаи муосир нақши муҳим доранд.

Бо тамоми ин серкориҳо нигоҳ накарда устод дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нақшӣ калидӣ доранд ва тани танҳо кори даҳҳо нафарро иҷро мекунанд, ки шоиста таҳсин аст.

Устод воқеан устураанд! Будани устод дар ин саф боиси ифтихору шарафи тамоми аъзоёни кумита аст!

Бо истифода аз ин рӯзи муборак, барои ин инсони комил ва рӯшанфикр саломатӣ, рӯҳбаландӣ, қалами сабз ва муваффақиятҳои беназир таманно мекунем!

Бигзор, ки нури донишу хирадатон ҳамвора чароғи роҳи ҳақиқат бошад!

Зодрӯз мубораку фархунда бод, устоди арҷманд!

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑