Изҳороти КШНГЗСТ дар мавриди марги Қобилҷон Алиев

Кумитаи Шаҳрвандит Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) қатли ваҳшиёнаи ноболиғи тоҷиктабор, Қобилҷон Алиев, сокини Федератсияи Русияро, ки аз ҷониби як миллатгарои ифротии рус дар дохили бинои муассисаи таълимӣ дар шаҳри Одинсовои вилояти Маскав анҷом дода шуд, шадидан маҳкум мекунад.

Ин ҷинояти мудҳиш танҳо як амали фардӣ нест, балки натиҷаи мустақими сиёсати нажодпарастона, муҳоҷирситез ва таблиғоти системавии нафрат дар ҷомеаи Русия мебошад. Бепарвоӣ ва ҳамдастии ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фазои расмии таблиғотӣ боис гардид, ки як навраси ифротгаро худро ҳақдор шуморад, то кӯдаки бегуноҳро танҳо барои миллаташ ба таври бераҳмона ба қатл расонад.

Масъулияти аслии ин ҷиноят бар дӯши мақомоти Русия аст, ки солҳост бо сиёсати хомӯшӣ, сафедкунӣ ва таҳаммул ба нажодпарастӣ ва хушунати миллӣ заминаи чунин фоҷиаҳоро фароҳам месозанд.

КШНГЗСТ аз ҳукумати Федератсияи Русия қотеъона талаб мекунад:

таҳқиқи фаврӣ, шаффоф ва мустақили ин ҷиноятро анҷом диҳад; омилон ва заминасозони идеологии онро пурра ба ҷавобгарӣ кашад; амнияти кӯдакон ва муҳоҷиронро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин намояд; ба таблиғоти нафрат, шовинизм ва ифротгароии миллӣ хотима бахшад.

Ҳамзамон, КШНГЗСТ сиёсати нокоми низоми Раҳмонро дар қиболи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русия шадидан интиқод мекунад. Бетафовутӣ, сукут ва вобастагии сиёсӣ аз Кремл боис гардидааст, ки ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бе ҳимоя монад. Ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст ва нахостааст, ки аз ҳуқуқ, амният ва каромати шаҳрвандони худ дифоъ кунад.

Мо таъкид менамоем:

Ҳама инсонҳо, новобаста аз миллат, забон, ранги пӯст ва эътиқод, баробаранд. Ҳеҷ кӯдак набояд қурбонии нафрат, хушунат ва сиёсати нокоми низомҳои диктотурӣ гардад.

КШНГЗСТ ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи Қобилҷон Алиев изҳор дошта, ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунад, ки ба афзоиши нажодпарастӣ ва хушунати зидди муҳоҷирон дар Русия бетараф набошанд.

Ёду номи Қобилҷон ҷовидон бод!

Кумитаи Шаҳрвандит Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон,

19.12.2025 Варшава

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑