Озодии Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Райиси пешини Ҳизби демукросии Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба озодӣ баромадааст.

Соли 2003 ӯ ва ҳизбаш ба ислоҳи Қонуни асосӣ ва тамдиди муҳлати президентӣ мухолифат карданд. Баъдан аз мақоми раиси ширкати давлатии «Тоҷикгаз» барканор шуда, ба шарқи кишвар ва сипас ба Русия рафт. Дар Русия аз фаъолияти мақомот интиқод карда, омодагии худро барои номзадӣ дар интихоботи соли 2006 эълон намуд.

Соли 2005 Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро бо иттиҳомҳои гуногун ба 23 сол зиндон, маҳрумият аз рутбаи генерал-майор ва пардохти ним миллион доллар маҳкум карда буд.

Ӯ аз аввалин зиндониёни сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Мо озодии Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба худи ӯ, ба хонаводааш ва ба ҳамаи ҳаводоронаш самимона муборакбод мегӯем.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑