ИЗҲОРОТ

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсӣ қатли фоҷиабори Саломатшо Ғалчаев, сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷро, ки ба таври ваҳшиёна аз ҷониби як намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амал омадааст маҳкум менамояд.

Ин бори аввал нест, ки ин қабил ҳодиса дар он минтақа аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рух медиҳад ва ин ҳодиса на танҳо як ҷинояти вазнин алайҳи як шаҳрванд аст, балки зарбаи ҷиддӣ ба эътимоди ҷомеа нисбат ба ниҳодҳое мебошад, ки бояд амният ва адолатро таъмин кунанд. Истифодаи силоҳ аз ҷониби шахсе, ки вазифаи ҳифзи қонунро бар уҳда дорад, дар чунин шароит комилан ғайриқобили қабул ва нишонаи поймолшавии меъёрҳои асосии ахлоқ ва ҳуқуқ мебошад.
Хабарҳои марбут ба эҳтимоли даст доштани намояндаи мақомот дар рафтори ғайриахлоқӣ нисбат ба ноболиғ ва баъдан истифодаи зӯроварии марговар нигарониҳои ҷиддиро дар бораи сатҳи масъулият ва назорати дохилӣ дар сохторҳои қудратӣ ба миён овардааст.

КШНГЗСТ аз мақомоти дахлдор талаб мекунад, ки тафтиши фаврӣ ҳамаҷониба ва шаффофи ин қазия таъмин карда шавад.
Шахси гумонбар новобаста аз мақом ва мансабаш ба ҷавобгарии пурраи қонунӣ кашида шавад.
Ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ва эҳтимоли сӯиистифодаи мақомомот бодиққат баррасӣ гарданд.
Ба ҷомеа иттилооти дақиқ ва расмӣ пешниҳод карда шавад.

Маҳдуд кардани сабт ва инъикоси маросими дафн ва ҳузури густурдаи нерӯҳои амниятӣ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст ва метавонад ҳамчун талоши пинҳон кардани ҳақиқат арзёбӣ шавад.
Мо изҳори ҳамдардии амиқи худро ба хонавода ва наздикони марҳум баён намуда талаб мекунем, ки адолат барқарор гардад.
Ҷомеа ҳақ дорад бидонад, ки чӣ рух дод ва гунаҳкорон бояд ҳатман ҷавоб диҳанд.
Хомӯшӣ дар баробари чунин ҷиноятҳо маънои шарикӣ дар беадолатиро дорад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Варшава, Полша
18.03. 2026

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑