بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
Ҳамду ситоиши беинтиҳо Худованди меҳрубонро, ки моро ба дарёфти неъмати бузурги моҳи мубораки Рамазон мушарраф гардонид ва тавфиқи рӯза, ибодат ва худсозиро насиб кард.
Бародарон, хоҳарон ва ҳамватанони гиромӣ!
Бо фарорасии Иди саиди Фитр, шуморо табрик ва муборакбод мегӯям.
Ин Ид, танҳо як ҷашн нест, балки таври маълум, он натиҷаи заҳмати як моҳи рӯзадорӣ, ибодат ва мубориза бо нафс аст; самараи худсозӣ, тақвият ёфтани имон ва наздик шудан ба пешгоҳи Парвардигор мебошад..
Пас беҳтар мешавад кӯшиш намоем, то он чи аз ихлос, тақво ва ахлоқи нек дар ин моҳи муборак бо заҳмату сабр ба даст овардем пас аз Рамазон низ дар зиндагии худ ҳифз намоем ва ибодат, итоат ва анҷоми амалҳои солеҳро идома диҳем..
Ид асту навои раҳмати Ҳақ аз арш мерасад,
Некбахт он, ки ҳар чи ёфт, то рамазони дигар нигоҳ дошт.
Аз Худованди меҳрубон хоҳонам, ки рӯза, намоз ва тамоми аъмоли неки моро ба даргоҳи худ қабул фармояд, гуноҳонамонро биёмурзад, гузаштагонамонро раҳмат ва моро аз ҷумлаи бандагони солеҳ қарор диҳад..
ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК!





Оставить комментарий