
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ даргузашти модари бузургвори Муҳаммад Тағоев, яке аз афроди фаъол, ҷасур ва содиқ ба арзишҳои адолат, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, ки дар роҳи дифоъ аз ҳаққи мардуми худ талош ба харҷ медиҳад ва мавқеъгириҳои ӯ дар ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонон барои ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хос дорадро бо андӯҳи амиқ дарёфт намуда ба ишон ва тамоми хонаводаи муҳтарамашон изҳори таслият ва ҳамдардӣ менамояд.
Аз даст додани модар мусибати бисёр сангин ва ҷуброннопазир аст. Модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва такягоҳи маънавии фарзандон мебошад. Бешак, даргузашти чунин шахси азиз дардест, ки таскин додани он душвор аст.
Ин андӯҳ дар ҳолате боз ҳам сангинтар мегардад, ки марҳума дар давоми зиндагии худ ба хотири мавқеъ ва фаъолияти сиёсии фарзандаш зери фишору озор қарор дошт.
Кумита ба Муҳаммад Тағоев ва наздикону пайвандони марҳума сабри ҷамил ва таҳаммули ин ғами бузургро орзу намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои рӯҳи поки марҳума мағфират ва ҷаннати фирдавсро хоҳон аст.
Бо эҳтиром
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Варшава, Полша
24.03.2026




Оставить комментарий