ЯГОН ДИКТАТАТУРА ХУД АЗ ХУД НОБУД НАМЕШАД. Корнелиа Зуҳан (Cornelia Suhan). Олмон.

Аз замони ба Тоҷикистон истирдод шудани Абдуллоҳи Шамсиддин то имрӯз дӯстон ва ҳамкорони ӯ, ки шаҳрвандони Олмон ҳастанд назди идораҳои давлатии Олмон, аз ҷумла назди идораи кор бо хориҷиён, бинои Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ва Бундестаг (парлумон)-и Олмон гирдиҳамоӣ баргузор мекунанд. Ҳоло, ки Абдуллоҳро дар Тоҷикистон гӯё барои як "лайк" ба ҳафт сол аз... Читать далее →

Ба доди беморони зиндонӣ бирасед!

Ҳафтаи дифоъ аз зиндониёни сиёсӣ: Маҳмурод Одинаев, Ҷалолуддини Маҳмуд ва Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад Тибқи хабари бастагон ва наздикони зиндониёни сиёсӣ, вазъи Маҳмурод Одинаев, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд дар дохили зиндони бисёр вахим ва нигаронкунанда шуда. Бар пояи баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), ин ҳолат баёнгари “бетаваҷҷӯҳии мақомоти кишвар ба зиндониён мебошад”. Чӣ хеле, ки... Читать далее →

Изҳороти ПМТ дар бораи вазъияти ахири зиндониёни сиёсӣ

Паймони Миллии Тоҷикистон аз вазъияти ахири зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар шадидан нигарон буда, масъулияти ҷони онҳоро бар уҳдаи мақомоти аввали кишвар медонад. Дар чанд рӯзи охир хабари бемории Маҳмурод Одинаев, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд расонаӣ гардид, ки баёнгари шароити бад ва бетаваҷҷӯҳии мақомоти кишвар ба зиндониён мебошад. Хабари карантин шудани Маҳмурод Одинаев ба... Читать далее →

Зодрӯзат гиромӣ бошад, Фаромӯз!

Табрики Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Фаромӯз Иргашев. Фаромӯз Иргашев узви пешини Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва номзади сабтиномнашудаи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2020, ки инчунин аъзои фаъоли “Комиссияи 44” ҳам буд, имрӯз 33 сола мешавад. Иргашев моҳи майи соли 2022... Читать далее →

Интиқоли Ҷалолиддини Маҳмуд ба бемористон // Пизишкони зиндон: “Эҳтимоли зинда монданаш 20% аст”

Бино бар иттилоъи манобеъи мӯтабар дар дохили зиндон, вазъи Ҷалолиддини Маҳмуд, зиндонии сиёсӣ ва аз раҳбарони ҲНИТ бисёр вахим шуда ва ӯро ба бемористон мунтақил кардаанд. Сайидисҳоқ Бобоев, фаъоли тоҷик, дар ёддоште кӯтоҳ дар сафҳаи худ навишта: “Ҳамин ҳоло аз манобеъи мӯътабари худ бохабар шудем, Ҷалолиддини Маҳмуд гуфта бо як ҳолати бисёр вахим ва бад... Читать далее →

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо бемористон бурда шуд

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо вазъи вахим ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шудааст. Ӯ аз бемории қанди хун ва қалб ранҷ мебарад. Ба гузориши Паём, тибқи иттилоъи Саидисҳоқ Бобоев бо истинод ба манобеъи мӯътамад дар Душанбе, вазъи саломатии ин узви аршади Раёсати Олии ҲНИТ хеле... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Мо тамоми талоши худро барои озодии Абдуллоҳ ба харҷ хоҳем дод”

Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС таъкид кард: “Мо тамоми талоши худро барои озодии Абдуллоҳ ба харҷ хоҳем дод. Дастбардор нестем!” Ба гузориши Azda.tv, мурофиаи аввали додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 28-уми марти соли 2023 дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе паси дарҳои баста баргузор гардида, шоҳидон ва худи Абдуллоҳ пурсида шудаанд. Дар рафти мурофиа, Абдуллоҳ эътироф кардааст,... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑