Номаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

ба Вазорати корҳои дохилии Олмон, Шуъбаи федеролии муҳоҷират ва шаҳрвандии ин кишвар(BAMF), Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе, Дафтари Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR), Созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар (Amnesty International, Human Rights Watch) Нигаронӣ оид ба боздошт, шиканҷа ва марги мармузи шаҳрванди Тоҷикистон Саидаъзам Раҳмонов дар боздошгоҳ.Мӯҳтарам хонумон ва ҷанобон,... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “Саидаъзам Раҳмонов дар пайи озору шиканҷаи зиёди мақомот ба қатл расид”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиёдониёни сиёсӣ (КШНГЗС) дар гуфтугӯ бо “Настоящее время”, бо радди суханони мақомоти Тоҷикистон дар хусуси вафоти Саъидаъзам Раҳмонов, вафоти ӯро дар пайи озору шикагҷаҳои зиёди мақомоти зиндон донист. https://youtu.be/OJlICu50C8s?si=vF9ntc2GGkh3HKkX

Изҳороти КШНГЗС дар бораи марги Саидаъзам Раҳмонов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ бо нигаронии ҷиддӣ марги мармузи Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро пас аз як ҳафтаи боздошт аз ҷониби мақомоти амният маҳкум мекунад. Ба иттилои наздикон, ҷасади ӯ рӯзи 13 октябри 2025 ба хонаводааш супорида шудааст, осори нишонаҳои шиканҷа аз изи барқ, кабудиҳо зиёди бадан ва шикастагии пой доштааст. Ҷасади... Читать далее →

Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Куҳансолтарин зиндонии режими Раҳмон – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон ба шаҳодат расид Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ хабари марги сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруф, узви Раёсати олии ҲНИТ ва сардабири собиқи рӯзномаи «Наҷот» – Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро дар зиндон ба пайвандон ва ҳамсафони ӯ таслият мегӯяд. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “КШГНЗС ҳар чи аз дасташ меояд, барои озодии зиндониёни сиёсии тоҷик анҷом хоҳад дод”

Изҳороти раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба муносибати 10-умин солгарди зиндонӣ шудани раҳбарони ҲНИТ. https://youtu.be/ZHAafq-sdNc?si=rPuwFIs0GYBsItjv

Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ба: Amnesty International, Human Rights Watch, Reporters Without Borders (RSF), Committee to Protect Journalists (CPJ), Front Line Defenders ва дигар созмонҳои марбута. Мавзӯъ: Изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода Хонумон ва ҷанобони мӯҳтарам! Ҳадаф ва мақсади Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Махсусан,... Читать далее →

Ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Воҳидхон Қосиддинов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадори муқовим, устувор ва бедорро аввалан барои шахси худашон ва сипас хонавода, дӯстону пайравонашон табрик арз менамояд. Воҳидхон Қосиддинов яке аз чеҳраҳои матин, рӯшанфикр ва муборизи фазои сиёсии Тоҷикистон мебошанд. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошад, ки номаш бо истиқомат, мубориза барои озодӣ,... Читать далее →

Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар робита ба гуруснанишинии Амриддин Холмуродов дар зиндони Словакия

Дар маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе (Словакия) аллакай чанд рӯз аст, ки Амриддин Холмуродов, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон ва аз мунтақидони шинохтаи ҳукумати Душанбе, аз 10 август ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ӯ мегӯяд, ки парвандааш моҳҳо боз бебаррасӣ мондааст ва мақомот ҳеҷ тавзеҳ намедиҳанд.«Манро бо айбҳои сохта боздошт карданд. Озод намекунанд... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑