Панҷ хислати устод Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ Илҳом Ёқубзода Оё Шумо Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносед? Ман ифтихор аз он дорам, ки ин шахсияти бузург ва қаҳрамони даври мо устод Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносам. Ӯ як қаҳрамони зинда аст, олиму донишманд, мутафаккир, руҳонӣ, исломшинос, сиёсатшинос ва рӯзноманигор. Пеш аз ҳама номи ин бузургворро мешунавам ва ё мехонам,... Читать далее →

Зулм аз ин бадтар намешавад

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ Муддате пеш, Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро ба сабаби он ки шаб бедор мешавад ва намоз мехонад, ба ин баҳона, ки намози шаб хондан аз назари режими Эмомалӣ Раҳмон мамнӯъ будааст, ба утоқи ҷаримавӣ маъруф ба ШИЗО мунтақил намуданд; утоқе, ки ба гуфтаи огоҳон, бисёр ваҳшатнок аст ва ҳар... Читать далее →

Зодрӯзат хуҷаста бошад Сураҷ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Сураҷ Назаровро табрик мегӯяд. Назаров Сураҷ Хушвақтович дар таърихи 9 сентябри соли 1975 дар рустои Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи рақами 4-и маркази ноҳияи Ванҷро хатм ва дорои маълумоти олӣ аз Донишкадаи... Читать далее →

Рӯзноманигорони зиндонӣ

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор Ин феҳристи рӯзноманигоронест, ки ҳамин ҳоло дар Тоҷикистон ДАР ЗИНДОН ба сар мебаранд. Сипос аз Зафари Суфӣ барои таҳияи ин феҳрист. Инҳо ЗИНДОНИЁНИ СИЁСӢ ҳастанд, ки асосан барои анҷоми фаъолиятҳои машрӯъ ва қонунии рӯзноманигорӣ ва ё фаъолиятҳои сиёсию иҷтимоъии худ ба маҳбас фиристода шудаанд. Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат,... Читать далее →

Адабиёти динӣ чист?

Ба қалами Шоҳраҷаб Шоҳимӣ Ин мавзӯъро мехоҳам тариқи суолгузорӣ матраҳ кунам: як олими динӣ дар бораи адабиёти динӣ маълумот надошта бошад, ӯ чӣ гуна олим аст? Як донишманди динӣ дар бораи адабиёти динӣ чизе надонад, нахонад ё таълиму тадрис накунад, олим буданаш зери суол бояд равад. Аслан вожаи “адабиёти динӣ” як вожаи авомфиребонаи дастгоҳҳои амнияту... Читать далее →

Зубайдуллоҳи Розиқ боз ҳам ба утоқи ШИЗО интиқол дода шуд

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, мақомоти Тоҷикистон зиндонии сиёсии тоҷик, Зубайдуллоҳи Розиқи 80-соларо боз дар утоқи ҷаримавӣ маъруф ба ШИЗО интиқол доданд. Сабаби шиканҷа шудани ин собиқ роҳбари академияи ҲНИТ “дарёфти” адабиёти динӣ ва китоби Қуръон дар ҷои хобаш гуфта мешавад. Дар ин бора писари ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Вай навиштааст: “Шармандагии режими Раҳмонов,... Читать далее →

Бадахшон: наслкушӣ дар рӯзи равшан — (Шарҳи ҳоли кӯтоҳ ва акси шаҳидони Бадахшон)

Тазоҳуроти осоиштаи мардуми ноҳияи Рӯшонро - ки ҳодисае хунин ва нангин дар корномаи 30-солаи ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад – режим “бархӯрди мусаллаҳона зидди ҳамлаи террористӣ” унвон кард. Албатта, барои худсафедкунӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ. Ҳанӯз дар соли 2014 Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояш дар Бадахшон, ба роҳбарони мақомоти қудратӣ муроҷиат карда гуфта буд:... Читать далее →

Зодрӯзатон муборак бошад, Абдусаттор Бобоев!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи раиси ин кумита, мӯҳтарам Абдусаттор Бобоевро табрик ва барояш муваффақият дар умури шахсӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоиаш таманно мекунад. Абдусаттор Бобоев 5 сентябри соли 1968 дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъи собиқ вилояти Кӯлоб дар як хонаводаи руҳонӣ ва аз пирони тариқати нақшбандия таваллуд шудааст. Ҳам аҷдоди... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑