#Freedom_for_political_prisoners_in_Tajikistan
Паёми табрикии КШНГЗС ба муносибати Иди саъиди Фитр
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фарорасии Иди саъиди Фитр - иди раҳмату мағфирату озодӣ, иди сафову самимият, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдигарбахшӣ, иди бародарӣ ва дар пешгоҳи Худо баробариро бар тамоми азизони рӯзадор аз ҷумла мардуми кишварамон табрику муборакбод мегӯяд. Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад... Читать далее →
Асомуддин Абдураҳмонов кист?
Ба муносибати Ҳафтаи Асомуддин Абдураҳмонов Дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои яке дигар аз зиндониёни сиёсӣ, узви Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва муовини раиси шӯъбаи ин ҳизб дар вилояти Хатлон, Абдураҳмонов Асомуддин ихтисос додаанд. Абдураҳмонов Асомуддин, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар соли 1977 дар ҳамин ноҳия... Читать далее →
Дадоҷон Ёқубов: “Шаҳид Эшони Шамсиддин як шахси қавиирода, ҷасур, далер, шуҷоъ, нотарс ва нотакрор буд”
Дадоҷон Ёқубов, иқтисоддон, номзади илм, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ва аз дӯстони деринаи шаҳид Эшони Шамсиддин Шамсиддинов, хотирнишон кардааст, ки ӯ “дар шахсияти Эшони Шамсиддин як шахси қавиирода, ҷасур, далер, шуҷоъ, нотарс ва нотакрор”-ро дидааст. Вай дар ёддоште ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон, бо баёни шарҳи ҳоли шаҳид... Читать далее →
Табрики модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков ба муносибати Иди саъиди Рамазон ва дуои вай алайҳи қотилони писараш
Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, дар ёддоште ба муносибати Иди Рамазон, зимни табрики ин иди саъид ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, бо баёни ин ки “силоҳи ман, дуои ман аст”, алайҳи касоне, ки писарашро ноҷавонмардона ба шаҳодат расондаанд дуо ва дархост кардааст: “Ман ба тамоми хоҳарону бародарони Тоҷикистон, хоҳ аз Зарафшон бошанду хоҳ аз Бадахшон,... Читать далее →
Меҳмоншоҳ Шарифов: “Мақомоти Тоҷикистон аз зиндагии мардум дур мондаанд”
Меҳмоншоҳ Шарифов, файласуфи иҷтимоии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, роҷеъ ба эъломи ба 18 сол маҳкум ба зиндон шудани Амриддин Аловатшоев, бо тарҳи ин суол, ки “ин чӣ ҳолат ва чӣ мантиқ аст, ки дар Тоҷикистон ҳукмрон аст”, навишта: “Инҷо дигар таҳлили ҷомеашинос, файласуф ва равоншинос зарур нест. Масъала оддист ва... Читать далее →
Муҳаммадсаъид Ризоӣ: “Эшони Сайид Қиёмуддин ба ман гуфта буд: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”
Муҳаммадсаъид Ризоӣ, узви Шӯрои раҳбарии ПМТ ва аз аъзои барҷастаи ҲНИТ, зимни ёдоварии хотироте аз шаҳид Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, гуфт: “Ман ин суханро, ки: “Сари маро аз тан қатъ ва бар болои синаам мегузоранд”, аз худи ӯ шунидаам. Байни касоне, ки мӯҳлати тӯлонӣ бо ҳам кору фаъолият доштанд, чизҳои зиёде ҳаст, аз ҷумла шакарранҷишҳо.... Читать далее →
Анора Саркорова: “Оё сукути хешони Амриддин Аловатшоев кӯмаке ба ӯ кард?”
Анора Саркорова, рӯзноманигори тоҷик, пас аз он ки додгоҳи Тоҷикистон Амриддин Аловатшоевро ба 18 сол зиндон маҳкум кард, хитоб ба касоне, ки сукутро тарҷеҳ медоданд тасреҳ кардааст: “Тарафдорони мавқеъи сукут ва хомӯш мондан ҳоло чӣ мегӯянд? Оё сукути хешони Амриддин Аловатшоев кӯмаке ба ӯ кард? Бо сукути худ оё ин варзишкорро наҷот додед? Оё мақомоти... Читать далее →
Баёнияи КШНГЗС оид ба маҳкум шудани Амриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳукми додгоҳ нисбати Амриддин Аловатшоевро, ки имрӯз санаи 29 апрели соли 2022 эълон шуд золимона, ноодилона ва ғайриқобили қабул меҳисобад. Бино ба гузориши расонаҳо, баррасии парванда санаи 29 апрел соати 14 оғоз шуда, дар чанд соат ҳукм бароварда шудааст. Аз рӯи хабарҳо маълум шуд, ки ба... Читать далее →



