Имрӯз аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ду рӯзноманигоре, ки дар ҳама мароҳили додгоҳӣ бар бегуноҳии худ таъкид мекарданд, як сол пур шуд. Соли гузашта додгоҳ аввалиро ба 10 ва дувумиро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин ду рӯзноманигор иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад карда, тайи мактубҳое аз тариқи расонаҳо чанд суолеро ба... Читать далее →
ЗАНЕ ДАР ИСФАРА 18 СОЛ РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД
Аксу наворҳоро ба сомонаҳои мамнӯъ мефиристод. Ӯ ҳамчунин, қасди куштори фарзандони 12 ва 18 солаи худро дошт. Додгоҳи вилояти Суғд як зани 42-солаи сокини шаҳри Исфараро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва қасди куштори ду фарзандаш 18 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд. Манбаъ гуфт, ин... Читать далее →
Зодрӯзи улгуи озодӣ ва ғурур муборак бошад!
Имрӯз устод Саидумар Ҳусайнӣ яке аз роҳбарони аршади ҲНИТ, яке аз шермардҳои собиқадори мубориз, зодрӯз дорад. Нафаре, ки ҳеҷ хиёнате ғурурашро нашикаст. Маҳбуси сиёсӣ бо ҳукми абад, намоди озодагӣ ва улгуйи ҷавонмардӣ дар зиндонӣ низоми саркубгар 62-умин солгарди зодрӯзашро истиқбол мекунад. Сайидумар Ҳусайнӣ барои мо улгу ҳаст, улгуи ғурур, озодагӣ ва ғайрат! Сайидумар Ҳусайнӣ 10.06.1961... Читать далее →
РАҲМАТУЛЛОҲИ РАҶАБ 65 СОЛА ШУД!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зодрӯзи марди шариф, инсони ҷасуру қавиирода ва зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷабро ба худи ӯ, ба пайвандонаш ва ҳамсангаронаш табрик мегӯяд! Раҳматуллоҳи Раҷаб (Ҷобир Раҳматуллоҳи Раҷаб), сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоӣ, раиси бахши ҲНИТ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва раиси шуъбаи интихоботии ҲНИТ. Узви Шӯрои Олии сиёсии ҲНИТ, 5... Читать далее →
Ҳамаамон ашки шодӣ рехтем
Чӣ гуна аз истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аллакай дар дохили ҳавопаймо буд пешгирӣ карда шуд? Як рӯз пеш як шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи шаҳри Варшаваи Лаҳистон бояд ба Тоҷикистон истирдод мекарданд, аммо дар соатҳои ахир ӯро аз фурудгоҳ баргардониданд. Истирдоди муҳоҷирон аз кишварҳои Аврупоӣ ба ватанашон як кори маъмулист, аммо баъзан шаҳрвандоне истирдод мешаванд,... Читать далее →
Зодрӯз хуҷаста бод, Салимҷон!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зодрӯзи аъзои фаъоли кумита, инсони неку ватандӯст Салимҷон Султонзодаро табрику таҳният гуфта ба Салимҷон тули умри бобаракат, зиндагии хуш ва иқболу барор таманно мекунад. Салимҷон аз камназир нафаронест, ки қадамҳояш дар роҳи мубориза устувор ва ҳадафаш дақиқ аст. Ӯ дар хизмати мардум аст ва дар хизмати мардум... Читать далее →
Адолатро дар Тоҷикистон қаҳтӣ задааст!
Баъд аз ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022 11-нафар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ҳамаи онҳо пас аз саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти осоиштаи сокинони Бадахшон дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар боздошт шудаанд. Ҳама амалиётҳо тафтишотӣ ва мурофиаҳо паси дарҳои баста, бидуни дастрасӣ ба... Читать далее →
Вамари хунин (Зиндониёни Рӯшон)
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) фаъолияти худро дар бахши муаян ва расонаи кардани зиндониён ва гаравгонони сиёсии тоҷик идома медиҳад. Дар ин видеои кутоҳ мо 62-нафар зидониёни ноҳияи Рӯшонро бо ному насаб, акс, ва маълумоти кутоҳ ҷамъоварӣ кардаем. Агар хонандаи азиз маълумоте дар бораи нафаре аз инҳо ё нафароне, ки то... Читать далее →
Баёнияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) барои рӯзноманигор Хуршед Фозилов.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) талаби 7,5 соли зиндони айбдоркунандаи давлатӣ барои рӯзноманигор Хуршед Фозиловро иттиҳомоти беасос номида ӯро куллан бегуноҳ мешуморад ва аз додгоҳи шаҳри Панҷакент талаб мекунад, ки ӯ аз толори мурофиа озод карда шавад! Хуршед Фозилов узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буда дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи... Читать далее →



