Паёми таслияти КШНГЗС // Шерик Карамхудоев кӣ буд?

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) шаҳодати Шерик Карамхудоев, зиндонии сиёсӣ ва намояндаи пешини ҲНИТ дар шаҳри Хоруғро таслият мегӯяд ва барои бастагон ва наздикон ва ҳамчунин раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сабри ҷамил хоҳон аст. Бино ба хабари рӯзноманигори мустақил, Анора Саркорова бо истинод ба манбаъҳои мувассақ, “Шерик Карамхудоев чанд... Читать далее →

Дархости КШНГЗС аз Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Ба ҷаноби Радослав Дарский, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам ҷаноб Дарский, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо эҳтиром шуморо ба ҳайси Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯяд ва орзуманд аст, ки ҳузури Шумо дар ин кишвар ба таҳкими арзишҳои ҳуқуқи инсон, адолат ва қонунмандӣ мусоидат намояд.... Читать далее →

Абдусаттор Бобоев: “КШГНЗС ҳар чи аз дасташ меояд, барои озодии зиндониёни сиёсии тоҷик анҷом хоҳад дод”

Изҳороти раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба муносибати 10-умин солгарди зиндонӣ шудани раҳбарони ҲНИТ. https://youtu.be/ZHAafq-sdNc?si=rPuwFIs0GYBsItjv

Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ба: Amnesty International, Human Rights Watch, Reporters Without Borders (RSF), Committee to Protect Journalists (CPJ), Front Line Defenders ва дигар созмонҳои марбута. Мавзӯъ: Изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода Хонумон ва ҷанобони мӯҳтарам! Ҳадаф ва мақсади Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Махсусан,... Читать далее →

Паёми таслияти КШНГЗС ба хотири даргузашти зиндонии сиёсӣ, Музаффар Давламиров

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти зиндонии сиёсӣ ва руҳонии маъруфи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), халифа Музаффар Давлатмировро таслият мегӯяд. Ба гузориши Pamir Inside, халифа Музаффар Давлатмирови 61-сола дар зиндоне дар Ёвон чашм аз дунё бастааст. Музаффар Давлатмиров кист? Музаффар Давлатмиров дар 6 июли соли 1963 дар шаҳри Хоруғ, маркази... Читать далее →

Номаи КШНЗС ба созмони Amnesty International дар хусуси фавти бедалели зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тариқи ин номаи саркушода, аз созмони ҷаҳонии Афви байналмилал (Amnesty International) оид ба ҳуқуқи башар дархост мекунад, ки бо ташкили як кумитаи мустақилли байналмилалӣ дар бораи таҳқиқ дар вазъи зиндонҳои Тоҷикистон моро ёрӣ ва кӯмак кунад. Муҳаққиқони мӯҳтарами созмони Amnesty International! Зиндонҳои Тоҷикистон, бино бар... Читать далее →

Таслияти КШНГЗС ба наздикон ва бастагони шодравон Аслан Гулобов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти зиндонии сиёсӣ, Аслан Гулобовро ба наздикон ва бастагони марҳум таслият арз мекунад ва барои онҳо аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил ва барои марҳум, биҳишти баринро масъалат мекунад. Гуфтанист, Аслан Гулобов, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар зиндон ҷон... Читать далее →

Зодрӯзи устод Сайидумар Ҳусайнӣ гиромӣ бошад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) устод Сайидумар Ҳусайниро ба муносибати зодрӯзаш табрику таҳният гуфта, барои ӯ сиҳҳат ва саломатӣ ва озодӣ аз зиндонро орзу менамояд. Сайидумар Ҳусайнӣ кист? Сайидумар Ҳусайнӣ (Ҳусайнов Умаралӣ Фаттоҳович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини аввали раиси ҲНИТ, собиқ вакили парлумон ва номзади илмҳои фалсафа аст. Вай узви... Читать далее →

Табрикоти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Бо фаро расидани Иди саъиди Қурбон, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз самими қалб ҳамаи зиндониёни сиёсӣ, хонаводаҳои онҳо ва тамоми мардуми шарифи кишварро бо ин Иди саъид табрик менамояд. Иди Қурбон рамзи имон, ихлос, фидокорӣ ва сабру таҳаммул аст. Имрӯз, фарзандони озодандеш ва фидоии миллати мо, ки беадолатона аз озодӣ... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑