Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар номае саркушода ба Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо ишора ба вахомати вазъи Маҳмурод Одинаев, тақозои интиқоли фаврии ӯ ба бемористон ва расидагӣ ба ҳоли ӯ шуд. Матни номаи КШНГЗС ба тартиби зерин аст: Ҷаноби Мансурҷон Умаров, муовини вазир ва... Читать далее →
Паёми табрикии КШНГЗС ба муносибати фарорасии иди Наврӯз
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) бо фарорасии баҳори зебо ва Наврӯзи оламафрӯз, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, бахту саодат ва комёбиҳои нав орзу менамояд. Наврӯз рамзи эҳё ва зиндагии тоза аст. Бигзор ин баҳор ба хонаҳоятон хушбахтӣ, ба дилҳоятон муҳаббат ва ба рӯзгоратон файзу баракат оварад. Дар ин лаҳзаҳои пурфайзи наврӯзӣ,... Читать далее →
Табрики зодрӯзи Зайд Саид
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, марди шуҷоъ ва озодандеш, Зайд Саидро бо эҳтироми амиқ ва самимият табрик мегӯяд. Зайд Саид на танҳо як шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими хизматкардаи миллат ҳастанд, балки рамзи устуворӣ, адолатхоҳӣ ва мубориза барои ҳақиқат низ ба шумор мераванд. Ҳатто дар шароити сахттарин ҳам,... Читать далее →
Изҳороти КШНГЗС дар бораи боздошти беш аз 20 нафар ҷавони язгуломӣ
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба унвони як ниҳоди мудофеъи ҳуқуқи башар бахусус ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ, бо ибрози нигаронии шадид аз боздошти ғайриқонунии беш аз 20 нафар аз сокинони маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе, ки бештар аз ҷамоати Язгулом ҳастанд, ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки даст аз поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон бардоранд... Читать далее →
Призыв к правосудию: таджикские прокуроры требуют приговорить журналистку Рухшону Хакимову к 17 годам лишения свободы
Гражданский комитет по спасению политических заложников и узников Таджикистана, осуждая требование прокурора приговорить журналистку Рухшону Хакимову к 17 годам лишения свободы, призывает власти Таджикистана, в особенности Эмомали Рахмона, положить конец этой несправедливости и притеснению невинных граждан. Комитет также призывает всех коллег Рухшоны Хакимовой как внутри страны, так и за ее пределами, а также международные организации... Читать далее →
Call for Justice: 17-Year Sentence Demanded for Journalist Rukhshona Hakimova by Tajik Prosecutors
The Civil Committee for the Rescue of Hostages and Political Prisoners of Tajikistan condemns the prosecutor's demand for a 17-year prison sentence for journalist Rukhshona Hakimova. We call on the Tajik authorities, especially President Emomali Rahmon, to end this unjust treatment of an innocent journalist. We urge Rukhshona Hakimova’s colleagues—both in Tajikistan and abroad—as well... Читать далее →
Изҳороти КШНГЗС роҷеъ ба талаби 17 сол зиндон барои рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо маҳкум кардани талаби додситон мабнӣ бар 17 сол зиндон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, аз мақомоти Тоҷикистон хусусан шахси Эмомалӣ Раҳмон тақозо мекунад, ба ин бебандуборӣ ва ситамҳо ба шаҳрвандони бегуноҳ нуқта гузошта шавад. Ва ҳамчунин аз тамоми ҳамкасбони Рухшона Ҳакимова чӣ дар дохил ё хориҷи... Читать далее →
Изҳороти КШНГЗС дар бораи эҳтимоли ҳабси фаъолони сиёсии тоҷик ба солҳои тӯлонӣ
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани талаби ғайриқонунии додситони давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон мабнӣ бар ҳабси шуморе аз фаъолони маъруфи сиёсии тоҷик ба солҳои тӯлонӣ, аз мақомоти зирабти кишвар бавежа раисиҷумҳур, Эмомали Раҳмон тақозо мекунад, пеши роҳи ин бебандубориро бигирад ва нагузорад ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон то ба... Читать далее →
Озодиат хуҷаста бошад!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) раҳоӣ ва озодии зиндонии сиёсӣ Асроруддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, аз роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки имрӯз аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд, дар навбати аввал ба қиблагоҳи бузургвораш ва сипас шахси Асроруддин ва ҳама аҳли хонаводаи ӯ мубораку шодбош мегӯяд. Панҷ сол сабру истиқомат... Читать далее →



