Шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ ва оддӣ табдил гардидааст

Номаи саркушода ба: Созмони Милали Муттаҳид (UNHRC) Созмони Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee) Дидбони ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) Намояндаи Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон Сафоратхонаҳои муқими кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон Тоҷикистон кишварест, ки солҳост ҳуқуқи инсон дар он ба бадтарин шева поймол мешавад ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо... Читать далее →

Оё касе ба доди мо мерасад?!

Номае саркушода ба: Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (UNHRC) Созмони Афви байналмилалӣ (Amnesty International) Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) Омбудсмени Тоҷикистон, Умед Бобозода Ба воситаи ин номаи саркушода, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба шумо мерасонад, ки ҳудуди 10 сол (ва дар баъзе ҳолатҳо беш аз 20 сол) аст, ки... Читать далее →

Паёми табрикотӣ ба муносибати зодрӯзи халифа Музаффар Давлатмиров ва Комёр Мирзоев

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), зиндониёни сиёсӣ, халифа Музаффар Давлатмиров ва блогери ҷавон Комёр Мирзоевро ба муносибати зодрӯзашон табрик гуфта, барои эшон сиҳатмандӣ, бурдборӣ ва озодии ҳарчӣ зудтарро орзӯ мекунад. Боздошт ва зиндонӣ кардани ин ду нафар, аз равшантарин далоили ноҳақ будани системаи истибдодгари ҳукумати Раҳмон аст. Гуноҳи халифа Музаффар Давлатмиров... Читать далее →

Зодрӯзат муборак бошад Бузургмеҳр!

Имрӯз (9 июл) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, вакили мудофеи маъруфи тоҷик, дорандаи ҷоизаи байналмилалии Ватслав Гавел дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон, Бузургмеҳр Ёров аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ӯ ба ин муносибат, барояш умри дарози пурбаракат ва комёбӣ дар зиндагии хусусӣ ва фаъолиятҳояш орзу ва озодии ҳарчи зудтари... Читать далее →

Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ба Дабири кулли СММ, Антониу Гутерриш, ба раиси САҲА, Ян Борг Ҷанобони мӯҳтарам! Дар санаи 26-уми июни соли ҷорӣ, Шумо ҷаноби Ян Борг, раиси Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Тоҷикистон сафар ва бо Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун диктатор дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст, дидор ва гуфтугӯ кардед. Ва инак Шумо ҷаноби Антониу Гутерриш,... Читать далее →

Паёми табрики КШНГЗС ба муносибати Иди саъиди Қурбон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) фарорасии Иди саъиди Қурбонро бар тамоми мусалмонон ва ҳамватанон махсусан азизони зиндониямон табрику таҳният мегуяд. Иди Қурбон аз бузургтарин идҳои мусалмонон ба шумор меравад. Иди Қурбон иди фидокорӣ, ихлос, ишқ, бандагӣ ва эсору қурбонист. Бе ханҷару бе шамшер ҳам метавон қурбонӣ кард, ғаму андӯҳро, ҳирсу бадиву... Читать далее →

Баёнияи таслияти КШНГЗС оиди даргузашти ҳамсари Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо арзи таслият ба Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва фарзандон ва наздикони эшон ба хотири даргузашти ҳамсари гиромии ҷаноби Домулло, Бону Резагул Розиқова, аз даргоҳи илоҳӣ барои он марҳума биҳишти барин ва барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳон аст. Субҳи имрӯз хабар расид, ки ҳамсари зиндонии сиёсӣ ва... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оид ба озодии Сулаймон Давлатов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни ибрози хушҳолии худ аз озод шудани фаъоли сиёсӣ, Сулаймон Давлатов, аз тамоми касоне, ки дар озодии ӯ талош карданд, тақдиру ташаккур менамояд. Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ ва мухолиф, дар санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ аз тарафи маъмурони амниятии Литва – кишваре, ки ӯ дар он... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди ҳодисаҳои ахир дар Язгулом

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ибрози нигаронии шадиди худ аз боздоштҳои ахир дар Язгулом ва ҷорӣ сохтани маҳдудият дар ин минтақа, қотеъона аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон талаб мекунад, аз рафторҳои хушунатомез бо шаҳрвандон парҳез кунанд ва кормандони амниятии поймолкунандаи қонунро муҷозот намоянд ва ҳукумат аз зулму ситами беҳад ба мардуми... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑