خدمت رئیس دستگاه اجرائیه رئیسجمهوری تاجیکستان، به یک زن - مادر، رحمان آزاده امامعلی از نام تعدادی از بانوان تاجیکستانی مقیم خارج کشور السلام علیکم نامهای که به شما مینویسیم، پیش از آنکه به رئیس دستگاه اجرائیه رئیسجمهوری تاجیکستان باشد، به یک زن - مادر است؛ زن - مادری که میداند، مادر یعنی کِی، و... Читать далее →
“Мо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар дорем!”
Шуморе аз бонувони тоҷики муқими хориҷи Тоҷикистон, дар номае саркушода ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроии президент, бо таъкид бар ин ки онҳо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар ва яқин доранд, ки ӯ “пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст”, аз... Читать далее →
Даъвати шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷик ва бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии фаврии Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон – (Акс ва видео)
Шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷикистонии муқими Аврупо ҳамроҳ бо теъдоде аз бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, дар маросиме дар Литвонӣ, аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, фавран Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз зиндон озод кунад. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар суханоне дар ин маросим, бо ишора ба 8... Читать далее →
Тақдиру ташаккури Муҳаммад Тағоев аз ҳамаи онҳое, ки барои озодии ӯ талош кардаанд
Имрӯз (06.03.2022) дар ҷаласаи навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) Муҳаммад Тағоев – блогер ва фаъоли маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ширкат кард. Ӯ, ки ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 дар Қазоқистон боздошт ва зиндонӣ шуда буд ва бо талоши дӯстон дар “Гурӯҳи 24”, КШНГЗС ва созмонҳои... Читать далее →
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хитоб ба шаҳрдори Хоруғ: “Ба ман амнистияи шумо лозим нест, мо бояд шуморо амнистия кунем, на шумо моро” – (Видео)
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар ҷаласае бо ширкати шуморе аз мардум дар шаҳрдории Хоруғ, бо таъкид бар ин ки ӯ на хоҳони президент шудан аст ва на хоҳони раис шудан, хитоб ба шаҳрдори ҷадиди Хоруғ, Ризо Назарзода гуфт: “Агар раис бошӣ ва гӯшат кунанд, армияро барор. Ба ман амнистияи... Читать далее →
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров: “Тирборонам карданд, каме захм бардоштам.”
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Бадахшон, гуфт, ки аз як суиқасд наҷот ёфтааст. Вай дар гуфтугӯе бо яке аз ҳаводоронаш, ки навори он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст, бо баёни ин ки тирборонаш карданд ва каме захмӣ гардидааст, гуфт: “Тирборон шуд, камакак ранение бардоштам.” Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо баёни ин ки тир ба дасти росташ... Читать далее →
Фаврӣ: Суиқасди бенатиҷа ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров
Субҳи имрӯз (ҷумъа, 4 марти 2022) ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров суиқасд воқеъ шуд, вале натиҷае надошт. Ба гуфтаи шоҳидон, ин суиқасд аз тарафи афроде бо либосҳои ғайринизомӣ дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сурат гирифтааст. Сомонаи Pamir Daily News, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони... Читать далее →
Шарти мақомот барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова
Шерзод Маҳмадҷонов (маъруф ба Абдураҳмон09) гуфт, мақомот барои озодии модараш, Шоҳида Маҳмадҷонова, шарт гузоштанд ва он ин ки худи вай ба Тоҷикистон баргардад Дар ин бора вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. Ба гузориши сомонаи ин радио, пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова гуфтанд, ки бо гузашти як моҳ аз боздошташ, ӯро надидаанд. Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод,... Читать далее →
Шуморе аз гирдиҳамомадагони тоҷик дар Олмон: “Додгоҳи Чоршанбиев бояд боз ва бо ширкати рӯзноманигорон баргузор шавад!” – (Видео)
Шуморе аз тоҷикони сокини Олмон бо барпоии тазоҳуроте дар ин кишвар, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намуданд, ки додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев бояд ба сурати боз ва бо ширкати бастагон, рӯзноманигорон ва ҳамаи хоҳишмандон баргузор шавад. Онҳо изҳор доштанд, ки дар ин ҷиҳат номае ба дафтари Кумисиюни Аврупо доданд. Сухангӯи тазоҳуркунандагон дар суханоне бо ишора ба ин... Читать далее →



