Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бастагони Чоршанбе Чоршанбиев - блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, хостори баргузории додгоҳи вай ба сурати мустақим ва бо иштироки пайвандон ва аз тариқи телевизион шуданд, то ҳамаи шаҳрвандон битавонанд, аз ҷараёни додгоҳи ӯ бохабар бошанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пайвандони... Читать далее →
Чоршанбиев пушти дарҳои баста додгоҳ мешавад
Додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори маъруфи ҳунарҳои размӣ (ММА), ки ахиран дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд, дар санаи 1-уми марти соли ҷорӣ пушти дарҳои баста ва дар боздоштгоҳи КДАМ баргузор мешавад. Дар ин хусус, Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори маъруфи тоҷик хабар дод. Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт: “Суди... Читать далее →
Адвокат мегӯяд, ки наметавонад Амриддин Аловатшоевро пайдо кунад
Адвокати кирокардаи Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа мегӯяд, маъмурони ҳеч як аз ниҳодҳо тасдиқ намекунанд, ки Амриддин Аловатшоев дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҷойгир аст. Сайти Pamir Daily News навиштааст, ки дар ин хусус Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар 17 феврал изҳорот пахш кардааст. 8 феврали соли 2022 хешовандони Амридин Аловатшоев аз Эътилофи ҷамъиятии зидди... Читать далее →
Ҳукумат аз помириҳо ҳаққи шикояту даъворо гирифтан мехоҳад – (Акс)
Рустами Ҷонӣ Ҳукумат аз помириҳо забонхат мегирад, ки эътирозу тазоҳур накунанд. Ҳич касро дифоъ нанамоянд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро, ки мақомот “сардори аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” меномад, “муҳофизати ғайриқонунӣ” накунанд. Дар акс худро шарики ҷиноят бояд эътироф кунанд ва: “Дар ҳолати... боздошти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоят ва ягон даъво пешниҳод” накунанд, - омадааст дар забонхат. Яъне,... Читать далее →
Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR): “Амриддин Аловатшоев зери хатари шиканҷа қарор дорад”
Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷаи Тоҷикистон ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) дар баёнияе нигаронии худро аз он изҳор доштаанд, ки Амриддин Аловатшоеви 44-сола, зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, зери хатари шиканҷа, бадрафторӣ, мурофиаи ноодилона ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон пас аз баргардонидани маҷбурии ӯ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи... Читать далее →
Ҳюман Райтс Вотч: “Фавран дар ВМКБ интернетро барқарор кунед!”
Имрӯз, 7 феврали 2022, Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Тоҷикистон хост, фавран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) интернетро барқарор кунанд. Дар байнияи ин созмон омадааст, ки дастрасӣ ба интернет 25 ноябри соли 2021 дар пайи эътирозҳои густурда алайҳи куштори як сокини маҳаллӣ дар Хоруғ қатъ шуда. Human Rights Watch... Читать далее →
Раиси Созмони ҳуқуқи башари “Озодии Авруосиё”: “Хунрезӣ дар Бадахшон мамнӯъ аст!”
Лейла Сейитбек, Раиси Созмони ҳуқуқи башари “Озодии Авруосиё” таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон бояд аз амалиёти низомӣ алайҳи мардуми осоиштаи Бадахшон парҳез кунанд. Вай дар паёме дар Твиттер навишт: “Мақомоти тоҷик аз таъқиби рақиби сиёсии худ ва ҷонибдорони ӯ бояд аз амалиёти низомӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи марговар худдорӣ кунанд. Дар миёни мардуми... Читать далее →
Кумитаи Хелсинки аз ҳукумати Тоҷикистон хост ба хунрезӣ дар Хоруғ роҳ надиҳад
Ба гузориши сомонаи Паём, намояндаи Кумитаи норвежии Хелсинки Мариус Фоссум дар саҳифаи твиттерии худ аз макомоти Тоҷикистон хост аз ҳар гуна хушунат ва хунрезӣ дар Хоруғ пешгирӣ кунанд. “Аз Хоруғ хабарҳои нигаронкунанда мерасанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд аз хунрезӣ ва доғ кардани вазъи инфиҷорӣ ҷилавгирӣ кунанд” — навиштааст Фоссум. Як манбаъи Паём гуфт, Дидабони ҳуқуқи башар... Читать далее →
Матни баёнияи ҳаводорон ва бастагони Нусратулло Саидов // Тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон – Аксҳо ва видео
Шуморе аз тоҷикони муқими Аврупо имрӯз (04.02.2022) дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, пойтахти Олмон, дар эътироз ба боздошт ва дастгирии Нусратулло Саидов, бародарзодаи устод Саидабдуллоҳи Нурӣ, таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд. Дар поёни ин тазоҳурот, баёнияе аз сӯи гирдиҳамомадагон ва бастагони Нусратулло Саидов хитоб ба мақомоти Тоҷикистон қироат шуд. Дар ин баёния таъкид шудааст, “таҷаммӯи... Читать далее →



