Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) шаҳодати Шерик Карамхудоев, зиндонии сиёсӣ ва намояндаи пешини ҲНИТ дар шаҳри Хоруғро таслият мегӯяд ва барои бастагон ва наздикон ва ҳамчунин раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) сабри ҷамил хоҳон аст. Бино ба хабари рӯзноманигори мустақил, Анора Саркорова бо истинод ба манбаъҳои мувассақ, “Шерик Карамхудоев чанд... Читать далее →
Зодрӯзат муборак, Сӯҳроб!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи Сӯҳроби Зафар, роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”-ро аввалан ба шахси худашон ва ва сипас ба ҳамаи аҳли хонадон, пайвандон ва мухлисонашон ва минҷумла роҳбарият ва аъзову ҷонибдорони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” табрик арз менамояд. Сӯҳроби Зафар кист? 24 ноябр рӯзи таваллуди Сӯҳроби Зафар аст. Ҷавонмарде, ки ҳубби... Читать далее →
Изҳороти КШНГЗС дар бораи марги Саидаъзам Раҳмонов
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ бо нигаронии ҷиддӣ марги мармузи Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро пас аз як ҳафтаи боздошт аз ҷониби мақомоти амният маҳкум мекунад. Ба иттилои наздикон, ҷасади ӯ рӯзи 13 октябри 2025 ба хонаводааш супорида шудааст, осори нишонаҳои шиканҷа аз изи барқ, кабудиҳо зиёди бадан ва шикастагии пой доштааст. Ҷасади... Читать далее →
Номаи саркушодаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Ба: Amnesty International, Human Rights Watch, Reporters Without Borders (RSF), Committee to Protect Journalists (CPJ), Front Line Defenders ва дигар созмонҳои марбута. Мавзӯъ: Изҳори нигаронӣ аз вазъи саломатии рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода Хонумон ва ҷанобони мӯҳтарам! Ҳадаф ва мақсади Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Махсусан,... Читать далее →
Ба муносибати зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Воҳидхон Қосиддинов
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадори муқовим, устувор ва бедорро аввалан барои шахси худашон ва сипас хонавода, дӯстону пайравонашон табрик арз менамояд. Воҳидхон Қосиддинов яке аз чеҳраҳои матин, рӯшанфикр ва муборизи фазои сиёсии Тоҷикистон мебошанд. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошад, ки номаш бо истиқомат, мубориза барои озодӣ,... Читать далее →
Ба муносибати зодрӯзи домулло Зубайдуллоҳи Розиқ
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсат ва руҳонияти тоҷик, домулло Зубайдуллоҳи Розиқро табрик ва муборакбод мегӯяд. Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз чеҳраҳои шинохта ва муҳимми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки солҳо дар ин ҳизби сиёсӣ ба ҳайси аъзои раёсати олӣ, воизи маъруф ва... Читать далее →
Зодрӯзи марде, ки ҳама чизашро қурбонӣ миҳанаш кард
Имрӯз (9 июл) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, вакили мудофеи маъруфи тоҷик, дорандаи ҷоизаи байналмилалии Ватслав Гавел барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, Бузургмеҳр Ёров аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ӯ ба ин муносибат, барояш умри дарози пурбаракат ва комёбӣ дар зиндагии хусусӣ ва фаъолиятҳояш орзу ва озодии ҳари чи зудтари... Читать далее →
Зодрӯзи устод Раҳматуллоҳи Раҷаб гиромӣ бошад!
Имрӯз (5 июн) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, устод Раҳматуллоҳи Раҷаб аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ӯро ба ин муносибат табрик ва зимни таманнои озодии ҳар чи зудтари вай аз зиндон, барояш комёбиҳо дар зиндагӣ мехоҳад. Ҳамчунин, ба дӯстон ва наздикони ӯ бахусус ҳамсари гиромии вай, бону Валамат Иброҳимзода, духтари гиромиаш, бону... Читать далее →
Зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиев муборак!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ Абдураҳим Восиевро барои шахси худашон ва хонаводаи мӯҳтарамашон табрик мегӯяд. Абдураҳим ба хотири ноадолатиҳо дар ҷомеа ва фишор рӯйи дигарандешон, аз тарафи мақомот ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷамъе аз муборизони дигар, барои бартараф намудани он садо баланд карда, ин амалкарди ҳукуматро маҳкум... Читать далее →



