Ба муносибати Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад Ин ҳафта барои зиндонии сиёсӣ, он фақеҳи олиқадр ва коршиноси мароифи исломӣ, аз шогирдони боризи марҳум Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, узви Комиссияи Оштии Миллӣ дар собиқ, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва раиси Комиссияи тафтишотии ин ҳизб, Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ихтисос дода шудааст. Мавлавӣ... Читать далее →
Озодӣ барои Улфатхоним Мамадшоева ва генерал Холбаш Холбашев – (акс)
#Ҳафтаи_Улфатхоним_Мамадшоева_ва_Холбаш_Холбашев #Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева #Свободу_Улфатхоним_Мамадшоевой #Озодӣ_ба_Холбаш_Холбашев #Свободу_Холбашу_Холбашеву #Free_Ulfathonim_Mamadshoeva #Free_Kholbash_Kholbashev
Зодрӯзат муборак, Қиёмиддини азиз!
Имрӯз (24 июн) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, сиёсатмадор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҲҲНИТ), раиси шӯъбаи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе, раиси собиқи шӯъбаи ҷавонон ва варзиш ва корманди пешини Дастгоҳи ҲНИТ ва мутахассис дар забони арабӣ, Қиёмиддини Аваз аст. Қиёмиддини Аваз (Авазов Қиёмиддин Курумҷонович) 24-уми июни соли 1973 дар деҳаи 1-уми майи ҷамоати... Читать далее →
Хотирае бисёр шуниданӣ дар бораи Умаршоҳ Давлатов
Ба муносибати Ҳафтаи Умаршоҳ Давлатов Маҳмадӣ Тешаев, аз дӯстони бисёр наздики Умаршоҳ Давлатов ва раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳанда зиндагӣ мекунад, хотираи бисёр аҷибе аз зиндонии сиёсӣ, Умаршоҳ Давлатов нақл кард. Вай гуфт: “Дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳар ҳафта... Читать далее →
ҲНИТ фақат як ҳизби сиёсӣ нест, як мактаб аст, ки амсоли Умаршоҳҳоро дорад
Ҳафтаи Умаршоҳ Давлатов Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тасмим гирифт, ин ҳафтаро барои зиндонии сиёсӣ, Умаршоҳ Давлатов ихтисос бидиҳад. Умаршоҳ Давлатов на танҳо барои умум, ки ҳатто барои бисёре аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ, ки ӯ узве аз он аст, ношинохта ва маҷҳул будааст. Нигоранда, ки ӯро намешиносам,... Читать далее →
Ҷасуру нотарс ва устувор дар мавқеъи худ
Ба баҳонаи зодрӯзи устод Саидумар Ҳусайнӣ Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Нишонаи соҳиби қазия ва ҳадафи олӣ будан ин устворӣ, исор ва аз худгузаштагӣ аст. Ҷасорат, нотарсӣ, садоқат бар аҳду паймон, роҳ надодан ба шакку тардид ба худ дар роҳи интихобнамуда ва бовариву қадрдонӣ ба ҳамсафон ва дар ниҳоят худро фидо кардан барои амнияти ҳамроҳон ва ҳадаф,... Читать далее →
Он чи дар бораи генерал-майор Холбаш Холбашев намедонед
Дар таърихи 20 феврали соли 2013, Эмомалӣ Раҳмон аз шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хидматҳое, ки барои кишвар намудаанд, қадрдонӣ кард. Аз ҷумла, аз Холбаш Холбашев. Бино бар гузорише дар ҳамин таърих дар сайти Prezident.tj, дар ин рӯз Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Холбаш Холбашев,... Читать далее →
Ду қаҳрамон ва ду улгу
Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ин ки пештар ду ҳафтаро барои ҳар як аз Ҳоҷӣ Муҳаммадшариф Набиев ва Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов ихтисос ва дар бораи онҳо маълумот додааст, вале ба ҷиҳати аҳаммияти ин ду азизи зиндонӣ, ҳафтаи пеши... Читать далее →
“Як ҳукумати нолоиқ ҷое барои афроди лоиқаш ба ҷуз зиндон надорад”
Бобоҷон Қаюмов Ин ҳафтаро Кумитаи наҷоти зиндониён ҳафтаи Абдусамад Ғайратов эълон кардааст. Абдусамад узви Раёсати Олии ҲНИТ ва чанд бор номзад ба вакили маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Кӯлоб буд. Дар баробари ин фаъолиятҳо ӯ соҳибкорӣ ҳам мекард. Корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ дошт. Ёдам ҳаст, як китобфурушие низ роҳ андохта буд ва онҷо барои афроди китобхоне,... Читать далее →



