Зодрӯзат хуҷаста бошад Абдураҳим!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиевро ба ӯ ва аҳли байташ муборакбод мегӯяд. Гуфтанист, Абдураҳим Восиев 12 ноябри соли 2014 бо дархости мақомоти Душанбе дар Маскав дастгир ва сипас мисли дигар зиндониёни сиёсӣ ба иттиҳомоти бардурӯғ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст. Абдураҳим Восиев ҷавонмард, ғаюр ва... Читать далее →

Танҳо “гуноҳаш” хидмат ба мардум ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо буд

Ин ҳафта аз сӯи дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба зиндонии сиёсӣ, Муҳаммадшарифи Набӣ ихтисос ёфтааст. Набиев Муҳаммадшариф Маҳмадалиевич маъруф ба Муҳаммадшарифи Набӣ, фаъоли сиёсӣ, сиёсатмадор ва раиси шӯъбаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, дар таърихи 9-уми сентябри соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар хонаводаи коргар... Читать далее →

Амруллоҳи Низом: “Абдурраҳим Восиев ҳамчун як фаъоли сиёсӣ ва руҳонии кишвар ба маротиб зиёдтар аз хеле аз ба ном журналистон барои бедории ҷомеа талош кардааст”

Рӯзноманигори тоҷик, Амруллоҳи Низом хотирнишон кард, ки Абдурраҳим Восиевро аз замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мешиносад. Ӯ ёдовар шудааст: “Агар рисолати як журналист бедор кардани ҳамнаслони худ ва ҷомеа бошад, агар рисолати як журналист пешниҳоди роҳҳои пешгирӣ аз вартаи ҳалокату фалокат бошад, агар рисолати як журналист мубориза бар зидди ноадолатиҳои синфи ҳукмрон алайҳи оммаи... Читать далее →

Бародари Абдураҳим Восиев хостори дахолати СММ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар барои озодии бародараш шуд

Абдухалил Восиев, бародари зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиев, аз СММ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тақозои кӯмак барои озодии бародарашро кардааст. Вай зимни изҳори сипос аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба хотири “иқдоми некашон, ки раҳоии Абдураҳим Восиеви фаромӯшшударо аз режими диктотурӣ талаб доранд”, хоҳиш намудааст, ки дархости ӯро ба Созмони... Читать далее →

Озодае, ки мехост ба ҷойи Зайд Саидов зиндонӣ шавад

Ба муносибати Ҳафтаи Абдураҳим Восиев Зиндонии сиёсӣ, Абдураҳим Восиев дар 21 майи соли 1987 дар кӯчаи Наврӯз, шумораи 41-и “Гузари боло”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон зода шудааст. Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи шумораи 1-и зодгоҳаш фаро гирифтааст. Абдураҳим аз соли 2002 то соли 2007 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи рӯзноманигорӣ ва... Читать далее →

Шоҳнаими Карим: “Қорӣ Бабо; ҷавоне, ки бо ин исм мешинохтандаш”

Шоҳнаими Карим, фаъоли сиёсӣ, узви Шӯрои ПМТ ва муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, таъкид кард: “Асомуддин як ҷавони хоксор, ҳалим ва меҳнаткаш аст ва ба ҳадде меҳрубон аст, ки ҳамаи мардум дӯсташ медоштанд ва ба қавле, ӯ мӯрчаро озор намедод. Вай дар ёддоште бо унвони “Қорӣ Бабо; ҷавоне, ки бо ин исм мешинохтандаш”, зимни... Читать далее →

Анора Саркорова: “Амриддин Аловатшоев як зиндонии сиёсӣ аст, ки ба далели мавзеъи шаҳрвандиаш ин балоро ба сараш овардаанд”

Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар ду бахш аз ёддошт дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, дар бораи ҷузъиёти муҳокимаи Амриддин Аловатшоев навиштааст, ба ин тартиб: (Бахши аввал) Дар яке аз видеоҳо бо ширкати Амриддин Аловатшоев, ки тавассути кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон филмбардорӣ шудааст, ин варзишкор баъд аз боздошташ дар январи соли ҷорӣ гуфтааст,... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑