Салмон Султонзода: “Сабаби зиндонӣ шудани Шобудин Бадалов ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, озодандешӣ ва худшиносу Худошинос будани буд”

Салмон Султонзода, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва фаъоли КШНГЗС бо баёни ин ки “шобудинҳо” баромада аз даруни мардум ҳастанд, онҳоро касе омода накардааст, бегонае таълим надодааст, онҳо сабзида дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳастанд, мушкилоти ҷомеа ин ҷавонмардони ғаюр ва миллатдӯстро ба воя расонида обутоб додааст, гуфт: “Ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, озодандешӣ ва худшиносу Худошинос будани... Читать далее →

Раҳмон бояд бидонад, ки бо зиндонӣ кардани Шобудин, наметавонад фарҳанги сукут ва хомӯширо дар ҷомеа ниҳодина кунад – 14 ёддошти тааммулбарангези Шобудин Бадалов дар Фейсбук

Баъд аз бознашри ёддошти зиндонии сиёсӣ, Шобудин Бадалов таҳти унвони “Мо экстремисту террорист нестем!“ дар сайти “Зиндониён”, дирӯз яке аз “дилсӯзон” дар паёме бароямон навишт, ки набояд суханони Шобудин, ки қаблан алайҳи режими Раҳмон навишта, бознашр шаванд, зеро – ба бовари ин “дилсӯз” – ӯро дар зиндон сахттар азобу шиканҷа мекунанд. Дар посух ба “дилсӯзиҳои”... Читать далее →

Нӯҳ соли зиндагӣ, дар вартаи зиндон сипар

Нӯҳ соли зиндагӣ, дар вартаи зиндон сипар, Ай Юсуфи Канъони дур, аз дидаи доғи падар! Рӯзе синонат бишканад, занҷираи зиндонро, Эй пайкари равшанзамир, ай бандаи соҳибназар! Озодӣ дар савти умед, рӯзе ба гӯшат мерасад, Имрӯз ё фардо нашуд, фардо расад рӯзи дигар. (Пайрави Иқбол) #Ҳафтаи_Шобудин_Бадалов #Озодӣ_ба_Шобудин_Бадалов #Свободу_Шобудину_Бадалову #Free_Shobudin_Badalov

Шобудин Бадалов: “Мо экстремисту террорист нестем!”

Шобудин Бадалов, фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳамакнун режими Раҳмон ӯро ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст, дар таърихи 28 июли соли 2020 баъд аз озод шуданаш аз ҳабси муваққатӣ дар Русия дар ҳамон таърих, ёддоште бисёр пурмазмун дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишта. Ӯ дар ин ёддошт, бо тақдиру ташаккур аз ҳамаи касоне, ки барои... Читать далее →

Модар

Зафари Сӯфӣ Ба ҳар далел ва баҳонае, ки бошад, пас аз чанд моҳ дар боздошт нигоҳ доштани ин Модар ҳоло барои шаш сол зиндонӣ карданаш як фоҷеа аст. Фоҷеаи миллӣ, ки бар асари сукути ҳар яки мо рӯз аз рӯз густараву доманааш фарохтар ва умқаш жарфтару даҳшатноктар мешавад. Гӯё иқрори ӯ ба “ҷурми худ”, ки... Читать далее →

Режими Раҳмон Шобудин Бадаловро аз Русия рабудааст

Ба муносибати Ҳафтаи Шобудин Бадалов Дар пайи мармузона нопадид шудани Шобудин Бадалов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви “Гурӯҳи 24” дар Русия дар оғози сентябри соли 2020, мақомоти Тоҷикистон аввал ба вуҷуди Шобудин Бадалов дар Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карданд. Сипас, бо гузашти чанд рӯз, замоне, ки нопадид шудани ин фаъоли тоҷик дар Русия ба сурати васеъ... Читать далее →

Рустами Ҷонӣ: “Мақомот он чиро бо Шерзод Маҳмадҷонов карда натавонистанд, бо модараш карданд”

Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ гуфтааст, ҳарчанд бо суханони писари Шоҳида Маҳмадҷонова (Шерзод) дар саҳифаҳои интернет мухолиф аст, аммо бо ин ҳама ҳукм барои ин модарро “қасос мешуморад” ва ба гуфаи ӯ, “мақомот он чиро бо писараш карда натавонистанд, бо модараш карданд ва мутаасифона ин як фарҳанги роиҷ дар низоми Тоҷикистон аст.” Вай дар ёддоште дар сафҳаи... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑