“Ва ягона сабабе, ки Сино шинохта нашуду корномаҳояш пинҳон монданд ин буд, ки дар ҳудуди як ноҳияи дурдаст фаъолият мекард ва ҳеч гоҳ розӣ намешуд аз қаҳрамониҳояш ёд шавад...” Ба муносибати Ҳафтаи Сино Ҳасанзода Бознашр аз сайти Паём Бархе аз ҳамсафонаш ба Маҳмадалӣ Ҳаит, мухолифи диловар ва аз қаҳрамонони муборизаи истиқлолхоҳӣ шубҳа доштанд ва мепиндоштанд,... Читать далее →
Устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи донишгоҳ: “Дар суханони Чоршанбиев даъват ба ҳеч гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад”
Як мутахассис ва забоншиноси барҷастаи рус, бо ишора ба суханони баҳсбарангези Чоршанбе Чоршанбиев, тасреҳ кардааст, ки дар изҳороти ӯ даъват ба ҳеч гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ба гузориши Радиои Озодӣ, Елизавета Колтунова, мутахассиси криминалистикаи забоншиносӣ ва устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгороди Русия тасреҳ кардааст: “Дар изҳороти баҳсбарангези Чоршанбиев нишонаҳои... Читать далее →
Интиқоди шадиди Amnesty International аз шиканҷа шудани зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо // Интиқоди ин созмон аз зиндонӣ шудани Мирзои Ҳоҷимуҳаммад
Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар гузориши ҷадиди худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2021, зиндонӣ кардани узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро ба шиддат маҳкум карда ва онро “саркӯби озодии баён” донистааст. Гузориш ҳамчунин афзуда, ки ҳукумати Тоҷикистон “фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукуматро бо иттиҳомҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва... Читать далее →
Озодӣ ба Сино Ҳасанзода – (Тасвир)
#Ҳафтаи_Сино_Ҳасанзода #Озодӣ_ба_Сино_Ҳасанзода #Free_Sino_Hasanzoda #Свободу_Сино_Хасанзода
Сино Ҳасанзода кист?
Ба муносибати Ҳафтаи Сино Ҳасанзода Сино Ҳасанзода, зиндонии сиёсӣ ва раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Панҷакент, 27 сентябри соли 1974 зода шудааст. Маълумоти олиро дар шаҳри Душанбе фаро гирифта. Ӯ яке аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик аст. Сино оиладор мебошад. Сино Ҳасанзода пас аз Алиҷон Аҳмадов, ки дар соли 2013... Читать далее →
Акнун беш аз ҳар замони дигар ба афроде монанди Зайд ниёз дорем
Барзу Абдураззоқов Ба муносибати Ҳафтаи Зайд Саидов Аз ҳаминак садои раъду барқ шунида мешавад. Ҳарчанд аз дур. Ва агарчӣ аз сару садои умумӣ ва овози парандаҳо ва ҳаёҳуи кӯдакон дар боғчаҳо ва ханда ва ғайбати ҳамсояҳо ва садои мошинҳо ва ҷашну маросимҳои офаринхонӣ – ки боис мешаванд, садо ва ғурриши тундбодҳо шунида нашаванд – қобили... Читать далее →
Сейчас как никогда, нам нужны личности, как Зайд
Барзу Абдураззоков Посвящается неделе защиты Зайда Саидова Раскаты грома уже слышны, пусть ещё из далека, пусть не отличимо от общего шума, пения птиц, детского гвалта во дворе, смеха соседских сплетниц, гула машин, маршей и салютов заглушающих рокот надвигающегося торнадо, но ясно слышимый ухом, чьё предназначение СЛЫШАТЬ, а глаза видеть, ум - предвидеть. Я к тому что,... Читать далее →
Чоршанбиев ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” маҳкум мешавад?
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, ошкор кард, ки баъд аз таътилоти наврӯзӣ ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА) эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин варзишкор ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор хоҳад шуд. Ҷонӣ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук бо... Читать далее →
Мавҷуда Соҳибназарова: “Наҷоти миллати мо дар дасти Зайд Саидов барин шахсиятҳост”
Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсии тоҷик, узви Шӯрои ПМТ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни ин ки “барои банда Зайд Саидов як шахсият аст, ки дар чанд соли баъдӣ низ дар Тоҷикистон чун ӯро пайдо кардан ғайримумкин аст”, гуфт: “Наҷоти миллати мо дар... Читать далее →



