#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсии_тоҷик #Ҳафтаи_Зайд_Саидов #Озодӣ_ба_Зайд_Саидов #Free_Zayd_Saidov #Свободу_Зайду_Саидову
“Дӯстони” Зайд Саидовро душманони ӯ мехондам
Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор Ман боре ин мардро вонахӯрадаам, аммо аз рӯзе, ки боздошт шуд, ахборашро пайгирӣ мекунам. Аммо мегӯянд, ҷаноби Зайд Саидов марди шарифе ҳаст. Ин гапро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он борҳо аз забони дӯст ва душманони ӯ шунидаам. Дар замони дар Тоҷикистон будан, албатта пас аз боздошти ӯ дар рафти кор ва... Читать далее →
Чаро Амриддин аз иҷрои адолат навмед шуда?
Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ бо ишора ин ки адвокатҳои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар як сӯҳбати тӯлонӣ тавонистаанд, Амриддинро мутмаин созанд, ки ҳимояти онҳо зарур аст, хотиррасон кардааст: “Амриддин Аловатшоев дар ҳолати навмедӣ ва афсурдаҳолӣ гуфта буд, ки ба ҳимояти касе мӯҳтоҷ нест ва ба адолат бовариаш намондааст.” Ин рӯзноманигор дар ёддоште навиштааст: “Амриддин Аловатшоевро розӣ... Читать далее →
Падарҷон, рӯзи зодрӯзат муборак!
Хайрулло Саидов 20 март рӯзе аст, ки муҳаббати бепоёни қалбамон ба забони гуфтан медарояд ва мехоҳем беҳтарину ноёбтарин ҳарфу суханро дар баробари бузургии падарҷонам гуфта бошем. Аз ин ҷост, ки ин рӯз дар мағз-мағзи ҷонамон ҷой дорад. Аз дебочаи боғи хотиротам гузаштаи пурнишотамонро варақгардон мекунам, гоҳ овони кӯдакиҳои ширинам, гоҳ даврони наврасиву ҷавониҳоям, ки ҳамроҳи... Читать далее →
Табрики зодрӯзи Зайд Саидов
Имрӯз (15 март) зодрӯзи тоҷири муваффақ, инсони шариф, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва зиндонии сиёсӣ Зайд Саидов аст. Сайд Заидов мисли дигар зиндониёни сиёсӣ бо тӯҳмат зиндонӣ шуддааст. Муфаттишоне, ки номаи аъмоли Зайд Саидовро “дуруст” карданд, баъди чанд соли ҳабси ӯ боздошт ва зиндонӣ шуданд, вале аҷобат ин буд, ки аз ҳукми зиндони Зайд Саидов... Читать далее →
Шарҳи ҳоли муфассали зиндонии сиёсӣ, Зайд Саидов
Ба муносибати зодрӯз ва Ҳафтаи Зайд Саидов Саидов Зайд Шерович, ходими давлатӣ, сиёсатмадор, соҳибкори тоҷик ва зиндонии сиёсӣ, дар 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмони ноҳияи Комсомолободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ соли 1976 мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Нурободро хатм карда, дар соли 1978 ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон... Читать далее →
Боздошти Нурулло Саидов дар ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ
Нурулло Саидов, бародари хурдии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик, тавассути кормандони УБОП-и вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахши мубориза бо раёсати корҳои дохилӣ) боздошт шудааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи ҷорӣ, ба унвони “Ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ” аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти... Читать далее →
Дирӯз дар додгоҳи Чоршанбиев чӣ гузашт?
Додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари ҳунарҳои размӣ (боевое искусство), рӯзи 14-уми март дар боздоштгоҳе дар Душанбе идома ёфт. Ва қатъи назар аз боз будани мурофиа, ин бор ҳам ба хабарнигорон аз ҷумла хабарнигори Радиои Озодӣ, иҷозаи иштирок надоданд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, ширкаткунандагони мурофиа гуфтанд, миёни вакилони мудофеъ ва додситон баҳси зиёд шуд. Додситон бар асоси... Читать далее →
Ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ
Дар чанд моҳи ахир, фишор болои бастагон ва наздикони марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки яке аз аслитарин аркони барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дар дохили кишвар зиёд шудааст. Ба гуфтаи пайвандони онҳо дар хориҷ аз кишвар, сабаби асосии ин фишорҳо интихоб... Читать далее →



