Чӣ касе пирӯзи майдони ҷанг аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова Ин ҳафта ихтисос дорад ба Шоҳида Маҳмадҷонова, ки дӯстон дар сойти “Зиндониён” ба тафсил дар бораи ӯ навиштаанд ва банда низ дар нуктаи ахир яке ду ҷумла дар бораи ин бону нигоштаам. Дар ёддошти ин ҳафта, меҳвари сӯҳбатҳоям чаҳор нукта аст: 1) Нуктаи аввал, дар бораи... Читать далее →

Шоҳида Маҳмадҷонова кист?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова Маҳмадҷонова Шоҳида, зодаи 15 апрели 1977 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Медколлеҷи шаҳри Ваҳдат таҳсил ва онро хатм кардааст. Шоҳида ба муддати 18 сол дар шӯъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба унвони ҳамшираи шафқат кор карда. Ӯ модари блогер, Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон09”... Читать далее →

Шуморе аз гирдиҳамомадагони тоҷик дар Олмон: “Додгоҳи Чоршанбиев бояд боз ва бо ширкати рӯзноманигорон баргузор шавад!” – (Видео)

Шуморе аз тоҷикони сокини Олмон бо барпоии тазоҳуроте дар ин кишвар, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намуданд, ки додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев бояд ба сурати боз ва бо ширкати бастагон, рӯзноманигорон ва ҳамаи хоҳишмандон баргузор шавад. Онҳо изҳор доштанд, ки дар ин ҷиҳат номае ба дафтари Кумисиюни Аврупо доданд. Сухангӯи тазоҳуркунандагон дар суханоне бо ишора ба ин... Читать далее →

Додгоҳи Чоршанбиев бояд мустақим ва бо иштироки пайвандон баргузор шавад

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бастагони Чоршанбе Чоршанбиев - блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, хостори баргузории додгоҳи вай ба сурати мустақим ва бо иштироки пайвандон ва аз тариқи телевизион шуданд, то ҳамаи шаҳрвандон битавонанд, аз ҷараёни додгоҳи ӯ бохабар бошанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пайвандони... Читать далее →

Ҳукумати Тоҷикистон — ҳукумати беназир

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бознашр аз сомонаи Паём Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз мардуми Бадахшон Дар ёддошти ин ҳафта, ки камокон ба мардуми Бадахшон ва дифоъ аз онҳо ихтисос дорад, дар бораи як вежагии мунҳасир ба фарди ҳукумати Тоҷикистон ба риёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки ба назарам, на дар таърих метавон барои он назир пайдо кард ва на... Читать далее →

Амриддин Аловатшоевро нишон диҳед!

Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти кишвар дархост кардаанд, фавран Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд. Гуфта мешавад, вай дар асари шиканҷаи зиёд дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мебошад. Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро... Читать далее →

Алим Шерзамонов: “Се сол пеш бо чунин аҳмақӣ Шарофиддин Гадоев рабуда шуда буд”

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба истирдоди Амриддин Аловатшоев аз Русия ба Тоҷикистон ва иҷбори вай барои баромади телевизионӣ, изҳор дошт, ки фарқи қазияи Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони барҷастаи Тоҷикистон, бо Амриддин Аловатшоев дар ин аст, ки дар он вақт, дар муқобили мақомоти тоҷик, давлати... Читать далее →

Адвокат мегӯяд, ки наметавонад Амриддин Аловатшоевро пайдо кунад

Адвокати кирокардаи Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа мегӯяд, маъмурони ҳеч як аз ниҳодҳо тасдиқ намекунанд, ки Амриддин Аловатшоев дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҷойгир аст. Сайти Pamir Daily News навиштааст, ки дар ин хусус Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар 17 феврал изҳорот пахш кардааст. 8 феврали соли 2022 хешовандони Амридин Аловатшоев аз Эътилофи ҷамъиятии зидди... Читать далее →

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR): “Амриддин Аловатшоев зери хатари шиканҷа қарор дорад”

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷаи Тоҷикистон ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) дар баёнияе нигаронии худро аз он изҳор доштаанд, ки Амриддин Аловатшоеви 44-сола, зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, зери хатари шиканҷа, бадрафторӣ, мурофиаи ноодилона ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон пас аз баргардонидани маҷбурии ӯ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑