Номаи саркушодаи КШНГЗС оид ба вазъи саломатии Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен), Умед Бобозода Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Мансурҷон Умаров Ва низ ниҳодҳои марбута. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикиситон (КШНГЗС), ба василаи ин номаи саркушода, ба шумо мерасонад, ки бар асоси ахбори расида ба дасти мо аз сӯйи бастагони Зубайдуллоҳи Розиқ, вазъи... Читать далее →

Таслияти КШНГЗС нисбат ба шаҳодати Домулло Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо таъассуфи амиқ изҳор медорад, ки Домулло Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар зиндон дори фониро тарк ва ба мақоми шаҳодат ноил гаштанд. Гуфтанист, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи ҳисоботии ҲНИТ, собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ, собиқ имом-хатиби ноҳияи Панҷ, донишманди улуми динӣ, яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ аст.... Читать далее →

КШНГЗС: “Ҳар чи зуд Шокирҷон Ҳакимовро озод кунед!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), боздошти муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ)-ро шадидан маҳкум ва аз ниҳодҳои марбутаи кишвар озодии ҳар чи зуди ӯро тақозо мекунад. Гуфтанист, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва аз сиёсатмадороне дар дохили кишвар аст, ки дар баробари масоили рӯз озодона фикрашро баён мекард. Ӯ бидуни ҳеч... Читать далее →

Паёми табрикотӣ ба муносибати зодрӯзи халифа Музаффар Давлатмиров ва Комёр Мирзоев

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), зиндониёни сиёсӣ, халифа Музаффар Давлатмиров ва блогери ҷавон Комёр Мирзоевро ба муносибати зодрӯзашон табрик гуфта, барои эшон сиҳатмандӣ, бурдборӣ ва озодии ҳарчӣ зудтарро орзӯ мекунад. Боздошт ва зиндонӣ кардани ин ду нафар, аз равшантарин далоили ноҳақ будани системаи истибдодгари ҳукумати Раҳмон аст. Гуноҳи халифа Музаффар Давлатмиров... Читать далее →

Зодрӯзи улгуи озодӣ ва ғурур хуҷаста бошад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) устод Сайидумар Ҳусайнӣ кӯҳи ғуруру номуси инсониро ба муносибати зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳҳатию саломатӣ ва ҳарчи зудтар озодӣ аз зиндонро таманно менамояд. Сайидумар Ҳусайнӣ кист? Сайидумар Ҳусайнӣ (Ҳусайнов Умаралӣ Фаттоҳович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини аввали раиси ҲНИТ, собиқ вакили парлумон ва номзади илмҳои... Читать далее →

Ба муносибати зодрӯзи Раҳматуллоҳи Раҷаб

Имрӯз (5 июн) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Раҳматуллоҳи Раҷаб аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ӯро ба ин муносибат табрик ва зимни таманнои озодии ҳарчи зудтари вай аз зиндон, барояш комёбиҳо дар зиндагӣ мехоҳад. Ҳамчунин, ба дӯстон ва наздикони ӯ бахусус ҳамсари гиромии вай, бону Валамат Иброҳимзода, духтари гиромиаш, бону Нилуфар Раҷабова... Читать далее →

Ба муносибати зодрӯзи Ҳикматулло Сайфуллозода

Имрӯз (01.05.2024) устод Ҳикматулло Сайфулозода, зиндонии сиёсӣ, раиси дастгоҳи иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сармуҳарири рӯзномаи Наҷот зодрӯз доранд. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) устод Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро ба ин муносибат табрик ва таҳният намуда, барояшон сиҳҳатӣ ва саломатии бардавом, хушбахтии дорайн ва таманнои ҳар чи зудтар озодии устодро аз зиндони низоми... Читать далее →

Ба муносибати зодрӯзи генерал Холбаш Холбашев

Дар таърихи 20 феврали соли 2013, Эмомалӣ Раҳмон аз шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хидматҳое, ки барои кишвар намудаанд, қадрдонӣ кард. Аз ҷумла, аз Холбаш Холбашев. Бино бар гузорише дар ҳамин таърих дар сайти Prezident.tj, дар ин рӯз Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Холбаш Холбашев,... Читать далее →

Рустам Эмомов кист ва чаро ӯро ба муддати 17 сол равонаи зиндон кардаанд?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Рустам Эмомов Дар бораи Рустам Эмомов, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон қарор дорад, иттилоъоти чандон зиёде дар даст нест ва ҳатто бастагонаш аз гуфтан дар бораи ӯ меҳаросанд, ҳамон тавре ки ин ҳолат гиребонгири бештари бастагон ва наздикони зиёндониёни сиёсии тоҷик мебошад. Ба ҳар ҳол, Рустам Эмомов, аз фаъолони... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑