Абдусаттор Бобоев: “Саидаъзам Раҳмонов дар пайи озору шиканҷаи зиёди мақомот ба қатл расид”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиёдониёни сиёсӣ (КШНГЗС) дар гуфтугӯ бо “Настоящее время”, бо радди суханони мақомоти Тоҷикистон дар хусуси вафоти Саъидаъзам Раҳмонов, вафоти ӯро дар пайи озору шикагҷаҳои зиёди мақомоти зиндон донист. https://youtu.be/OJlICu50C8s?si=vF9ntc2GGkh3HKkX

Изҳороти КШНГЗС дар бораи марги Саидаъзам Раҳмонов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ бо нигаронии ҷиддӣ марги мармузи Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро пас аз як ҳафтаи боздошт аз ҷониби мақомоти амният маҳкум мекунад. Ба иттилои наздикон, ҷасади ӯ рӯзи 13 октябри 2025 ба хонаводааш супорида шудааст, осори нишонаҳои шиканҷа аз изи барқ, кабудиҳо зиёди бадан ва шикастагии пой доштааст. Ҷасади... Читать далее →

Паёми таслияти КШНГЗС ба хотири даргузашти зиндонии сиёсӣ, Музаффар Давламиров

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) даргузашти зиндонии сиёсӣ ва руҳонии маъруфи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), халифа Музаффар Давлатмировро таслият мегӯяд. Ба гузориши Pamir Inside, халифа Музаффар Давлатмирови 61-сола дар зиндоне дар Ёвон чашм аз дунё бастааст. Музаффар Давлатмиров кист? Музаффар Давлатмиров дар 6 июли соли 1963 дар шаҳри Хоруғ, маркази... Читать далее →

Номаи КШНЗС ба созмони Amnesty International дар хусуси фавти бедалели зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тариқи ин номаи саркушода, аз созмони ҷаҳонии Афви байналмилал (Amnesty International) оид ба ҳуқуқи башар дархост мекунад, ки бо ташкили як кумитаи мустақилли байналмилалӣ дар бораи таҳқиқ дар вазъи зиндонҳои Тоҷикистон моро ёрӣ ва кӯмак кунад. Муҳаққиқони мӯҳтарами созмони Amnesty International! Зиндонҳои Тоҷикистон, бино бар... Читать далее →

Табрики зодрӯзи Зайд Саид

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, марди шуҷоъ ва озодандеш, Зайд Саидро бо эҳтироми амиқ ва самимият табрик мегӯяд. Зайд Саид на танҳо як шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими хизматкардаи миллат ҳастанд, балки рамзи устуворӣ, адолатхоҳӣ ва мубориза барои ҳақиқат низ ба шумор мераванд. Ҳатто дар шароити сахттарин ҳам,... Читать далее →

Аз ин пирамарди 85-сола, падари ду кушташудаи зиндони Ваҳдат хабаре нест

Сафармад Ҳасанов, пирамарди 85-сола, падари ду кушташудаи зиндони Ваҳдат, субҳи имрӯз аз сӯи кормандони милисаи ноҳияи Шамсуддин Шоҳин ҳамроҳ бо шуморе аз занону кӯдакони онҳо бурда шуд ва то ҳанӯз ҳеч хабаре аз онҳо нест. Наздикони Сомон ва Сӯҳроб Ҳасановҳо, ду кушташудаи зиндони Ваҳдат, ба КШНГЗС хабар доданд, ки милисаи ноҳияи Шамсуддин Шоҳин (Шӯрободи собиқ)... Читать далее →

Изҳороти дуввуми КШГНЗС дар бораи ҳодисаи дилхароши зиндони Ваҳдат

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо маҳкум кардани бархӯрди ваҳшиёнаи масъулони зиндони рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат бо зиндониён, ки мунҷар ба кушта шудани шуморе аз маҳбусон ва низ ибрози андӯҳи амиқи худ аз ин ҳодиса, ба бастагон ва наздикони кушташудаҳо таслият арз мекунад ва барои маҷрӯҳони ин ҳодисаи дилхарош орзуи шифои... Читать далее →

Изҳороти КШНГЗС роҷеъ ба талаби 17 сол зиндон барои рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо маҳкум кардани талаби додситон мабнӣ бар 17 сол зиндон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, аз мақомоти Тоҷикистон хусусан шахси Эмомалӣ Раҳмон тақозо мекунад, ба ин бебандуборӣ ва ситамҳо ба шаҳрвандони бегуноҳ нуқта гузошта шавад. Ва ҳамчунин аз тамоми ҳамкасбони Рухшона Ҳакимова чӣ дар дохил ё хориҷи... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑