#Ҳафтаи_Таваккал_Бобоев #Озодӣ_ба_Таваккал_Бобоев #Свободу_Таваккалу_Бобоеву #Free_Tavakkal_Boboev
Касеро, ки хост бо фасодҳои идорӣ мубориза кунад, ба 18 сол зиндон маҳкум карданд
Таваккал Бобоев, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви боризи Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳадафи худро дар муборизаҳои пеш аз интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон, “Мубориза бар зидди ришвахорӣ (коррупсия), фасоди молӣ, идорӣ ва ахлоқӣ” унвон карда буд, вале режими Эмомалӣ Раҳмон бидуни ҳеч айбе ӯро барои 18 сол равонаи зиндон намуд... Ба муносибати Ҳафтаи Таваккал Бобоев... Читать далее →
КШНГЗС зодрӯзи Шоҳида Маҳмадҷоноваро табрик мегӯяд
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо табрики зиндонии сиёсӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати зодрӯзи вай, тасреҳ кард, КШНГЗС тамоми талоши худро ҷиҳати озод шудани ин Зан-Модар ба харҷ хоҳад дод. Раиси КШНГЗС дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Зиндониён”, зимни табрики Шоҳида Маҳмадҷонова ба муносибати рӯзи таваллуди ин... Читать далее →
7 саволи модари Гулбиддин Зиёбеков аз КДАМ
Модари Гулбиддин Зиёбеков дар номае ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳанд. Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, дар номае саркушода ба масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ посух диҳанд.... Читать далее →
Модар
Зафари Сӯфӣ Ба ҳар далел ва баҳонае, ки бошад, пас аз чанд моҳ дар боздошт нигоҳ доштани ин Модар ҳоло барои шаш сол зиндонӣ карданаш як фоҷеа аст. Фоҷеаи миллӣ, ки бар асари сукути ҳар яки мо рӯз аз рӯз густараву доманааш фарохтар ва умқаш жарфтару даҳшатноктар мешавад. Гӯё иқрори ӯ ба “ҷурми худ”, ки... Читать далее →
Рустами Ҷонӣ: “Мақомот он чиро бо Шерзод Маҳмадҷонов карда натавонистанд, бо модараш карданд”
Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ гуфтааст, ҳарчанд бо суханони писари Шоҳида Маҳмадҷонова (Шерзод) дар саҳифаҳои интернет мухолиф аст, аммо бо ин ҳама ҳукм барои ин модарро “қасос мешуморад” ва ба гуфаи ӯ, “мақомот он чиро бо писараш карда натавонистанд, бо модараш карданд ва мутаасифона ин як фарҳанги роиҷ дар низоми Тоҷикистон аст.” Вай дар ёддоште дар сафҳаи... Читать далее →
Озодӣ ба донишҷӯёни зиндонӣ – (Тасвир)
#Ҳафтаи_донишҷӯёни_зиндонӣ #Озодӣ_ба_донишҷӯёни_зиндонӣ #Free_imprisoned_students
Баёнияи КШНГЗС нисбат ба ҳукми ноодилонаи Шоҳида Маҳмадҷонова
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷоновро, ки бо номи “Абдураҳмон 09” блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин идомаи даҳшатфиканиҳои режими Душанбе аст, ки бори дигар ниҳояти бераҳмии ҳукуматро нишон дод. Модареро барои фаъолиятҳои писари болиғаш, ки чандин сол аст дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад,... Читать далее →
Сахт нест ин воқеиятро одам бифаҳмад, ки чӣ балое ба сари ин зани бечора овардаанд!
Анора Саркорова, рӯзноманигор Додгоҳи ноҳияе дар Душанбе Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-соларо ба 6 соли зиндон маҳкум карда. Додгоҳ ӯро ба ҳимоят аз ақидаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон - “Гурӯҳи-24” ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) муттаҳам кардааст. Бар асоси моддаҳои парвандаи ӯ, Шоҳида Маҳмадҷонова дар соли 2021 ду маротиба зери навори блогнависони мухолифи тоҷик дар YouTube шарҳе... Читать далее →



