“Чоршанбе худаш мегӯяд, ки ӯ на мухолифи давлат асту на намоянда ё аъзои кадом ҳизбеву гурӯҳе ва низ ҷои дигар мегӯяд, ки суханони ӯро бадхоҳонаш нодуруст тафсир карданд, балки: “ман омодаам зери дирафши Тоҷикистон баромад кунам ва 24 соъат дар як шабонарӯз пуштибони тоҷикон бошам”, мегӯяд. Ва суханҳои ӯро дар бораи ҳаводиси марз ҳам фаромӯш... Читать далее →
Паёми наврӯзии модари шаҳид ба мақомоти тоҷик
Певистамо Абдулмӯминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ба муносибати Наврӯз, паёме катбӣ ба ҳукумати нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта. Ӯ дар ин паёми кӯтоҳи худ, бо табрики Иди Наврӯз ба ҳукумати нав, дуо кардааст, “ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад!”... Читать далее →
Чоршанбиев ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” маҳкум мешавад?
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, ошкор кард, ки баъд аз таътилоти наврӯзӣ ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА) эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин варзишкор ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор хоҳад шуд. Ҷонӣ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук бо... Читать далее →
Ин рӯзҳо дар деҳаи Тавдем модаре Наврӯз надорад
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар бораи ғаму ғуссае, ки имрӯзҳо Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин ба хотири аз даст додани писараш аз сар мегузоранд, навиштааст. Вай бо ишора ба ин ки “чор моҳ аз қатли Гулбиддин Зиёбеков гузашта”, ёдовар шудааст, ки аммо “на дигар гап аз тафтиши воқеа, на қотилони... Читать далее →
Чаро Амриддин аз иҷрои адолат навмед шуда?
Рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ бо ишора ин ки адвокатҳои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар як сӯҳбати тӯлонӣ тавонистаанд, Амриддинро мутмаин созанд, ки ҳимояти онҳо зарур аст, хотиррасон кардааст: “Амриддин Аловатшоев дар ҳолати навмедӣ ва афсурдаҳолӣ гуфта буд, ки ба ҳимояти касе мӯҳтоҷ нест ва ба адолат бовариаш намондааст.” Ин рӯзноманигор дар ёддоште навиштааст: “Амриддин Аловатшоевро розӣ... Читать далее →
Муҳаммадҷон Нурӣ: “Боздоштҳои ахири наздиконамонро ҳамчун як қасосгирӣ медонем”
Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва узви Риёсати Олии ҲНИТ, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо таъкид бар ин ки “борҳо аз вуҷуд доштани таъқибу фишорҳо болои хонаводаамон гуфта будем, ҳатто болои бародарони таниам, ки дар Тоҷикистон буданд”, гуфт:... Читать далее →
Абдураҳмон Маҳмудов фавран озод шавад!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни маҳкум кардани боздошти фаъоли иҷтимоӣ, Абдураҳмон Маҳмудов дар Туркия, аз ҳукумати ин кишвар ва мақомоти интизомии он тақозо мекунад, фавран ин фаъоли иҷтимоиро озод кунанд. КШНГЗС аз созмонҳои ҳуқуқи башари Туркия ва низ созмонҳои марбутаи байналмилалӣ таваққӯъ дорад, роҷеъ ба боздошт ва истирдоди мухолифон ва... Читать далее →
Боздошти Нурулло Саидов дар ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ
Нурулло Саидов, бародари хурдии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик, тавассути кормандони УБОП-и вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахши мубориза бо раёсати корҳои дохилӣ) боздошт шудааст. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи ҷорӣ, ба унвони “Ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Нурӣ” аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти... Читать далее →
Дирӯз дар додгоҳи Чоршанбиев чӣ гузашт?
Додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари ҳунарҳои размӣ (боевое искусство), рӯзи 14-уми март дар боздоштгоҳе дар Душанбе идома ёфт. Ва қатъи назар аз боз будани мурофиа, ин бор ҳам ба хабарнигорон аз ҷумла хабарнигори Радиои Озодӣ, иҷозаи иштирок надоданд. Ба гузориши Радиои Озодӣ, ширкаткунандагони мурофиа гуфтанд, миёни вакилони мудофеъ ва додситон баҳси зиёд шуд. Додситон бар асоси... Читать далее →



