Баёнияи КШНГЗС оид ба маҳкум шудани Амриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳукми додгоҳ нисбати Амриддин Аловатшоевро, ки имрӯз санаи 29 апрели соли 2022 эълон шуд золимона, ноодилона ва ғайриқобили қабул меҳисобад. Бино ба гузориши расонаҳо, баррасии парванда санаи 29 апрел соати 14 оғоз шуда, дар чанд соат ҳукм бароварда шудааст. Аз рӯи хабарҳо маълум шуд, ки ба... Читать далее →

Ҷунайдуллоҳ Худоёров: “Умедворам, мурофиаи модару хоҳарам мунсифона ва беғаразона ҳаллу фасл шуда, ин парвандаи сохта қатъ гардад!”

Дирӯз (26-уми апрели 2022) дар бинои суди ноҳияи Рашт навбати сеюуми мурофиаи додгоҳи Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола, модари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳо ва хоҳари онҳо, Валамат Худоёроваи 34-сола баргузор шуд. Ба гуфтаи Ҷунайдуллоҳ, дар ин навбат аз мурофиа “ҳамаи суханҳо ва нишондодҳои бардурӯғи шоҳидони ташкилнамудаи чанде аз кормандони милитсия ва “ҷабрдида” ошкор гардидаанд ва шармандагии онҳо... Читать далее →

Таҳқиқоти журналистии Амруллоҳи Низом дар бораи Шаҳид Давлатмурод Рустамов

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон Дар таърихи 30-юми марти соли 2018 аз зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат ба оилаи як зиндонии сиёсӣ занг зада, мегӯянд, биёед ва ҷасади ӯро таҳвил бигиред!.. Ин шаҳиди гумном касе набуд ҷуз Давлатмурод Рустамов, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва аз муборизони қадимӣ, ки баъд аз ҳодисаи маъруфи сентябри соли 2015... Читать далее →

Ҷузъиёти шаҳодат ва маросими ба хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев аз забони Илҳомҷон Ёқубов

Илҳомҷон Ёқубов ҷузъиёти наверо дар бораи чигунагии маросими ҷаноза ва хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев баён дошт. Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, бо ишора ба шаҳодати Умедҷон Тоҷиев ва маросими хоксупории ӯ дар январи соли 2014, гуфт: “Вақте Умедҷонро ба шаҳодат расонданд, ман раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд... Читать далее →

Муҳаммадҷон Нурӣ: “Ҳоло навбат ба ҷазо додани набераҳои устод Нурӣ расидааст”

Мақомот дирӯз (23 апрели 2022) Ҳабибулло Саидов, донишҷӯи соли сеюми риштаи дорусозии Донишкадаи Носири Хисрави шаҳри Бохтарро аз дарс хондан дар донишкада маҳрум ва “облава”-аш карда, маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо... Читать далее →

Шаҳидон зиндаанд

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон Ин ҳафтаро барои азизоне, ки дар зиндонҳои режими Эмомалӣ Раҳмон ҷоми шаҳодат нӯшидаанд, ихтисос додаем. Ва бо ин ки шумори дақиқи онҳо ба дастамон наомад, вале дӯстон дар КШНГЗС саъй карданд ва дар бораи касоне, ки мешиносанд ва ё номе аз онҳо дар расонаҳо омада ва ё аз тариқи наздикон... Читать далее →

Ризоӣ: “Гуноҳи Таваккал Бобоев мардумӣ будани ӯст”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар ёддоште ба муносибати Ҳафтаи Таваккал Бобоев, сабаби ба зиндон равона карда шудани Таваккал Бобоев ва амсоли ӯ аз сӯи режими Раҳмонро мардумӣ будани онҳо донист. Вай афзуд, Таваккал Бобоев ба айбу ҷурми “мардумӣ будан, озодӣ ва адолатхоҳӣ дар ҳаққи кишвар ва... Читать далее →

Созмони Милали Муттаҳид: “Аз саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ ва истифодаи ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ сахт нигарон ҳастем!”

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар баёнияе бо баёни ин ки “нодида гирифтани шикоятҳои мардуми Бадахшон метавонад боиси низои хушунатбор гардад”, нигаронии шадиди худро “аз кӯшишҳои саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ ва истифодаи аз ҳад зиёд ва ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ” изҳор доштаанд. Онҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, “барои пешгирӣ аз табъиз алайҳи эътирозгарони помирӣ... Читать далее →

Дар Тоҷикистон ҳукмро додгоҳ содир намекунад, балки мақомот

Анора Саркорова, рӯзноманигор Додгоҳ ҳукм содир кард. Додгоҳ дар кишварҳое ҳукм содир мекунад, ки қонун дар онҳо амал мекунад ва қонунмадор ҳастанд. Дар Тоҷикистон аммо, ҳукмро мансабдорони баландпоя содир мекунанд ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ содир мекунад ё додситонӣ (прокуратура) ва ё гоҳе ҳам ВКД ва хулоса, афроде ҳукм содир мекунанд, ки як манфиат доранд,... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑