Ҳарфе аз таҳқиқ дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ва қатли Гулбиддин нашавад?

Таҳқиқи дақиқи ҳодисаҳои талхи Бадахшон, ки зарурати анҷоми он аз сӯи рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ матраҳ шуд, бо вокуниши бисёр тунди ба қавли ӯ, “даҳҳо аккаунтҳои бардурӯғ” рӯ ба рӯ гардид. Ӯ менависад: “Ман дар бораи тадқиқи чанд куштор гап мезанам ва мехоҳам онҳое, ки мардумро дар маркази Хоруғ тирборон карданд, ба мукофоти амал бирасанд”, аммо... Читать далее →

Кирдори ҳукумат аксуламали хунин дорад

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, мӯътақид аст, Хоруғ ва Роштақалъа аз “раҳмат”-и ҳукумат дур уфтода ва ба ғазабаш гирифтор аст ва ба тадриҷ тамоми марзи Тоҷикистон аз “раҳмат”-и ҳукумат дур ва бегона мегарданд ва кирдори хасмонаи ҳукумат нисбат ба мардум аксуламали хунин дорад. Ин рӯзноманигор дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо ишора ба ин ки... Читать далее →

Сино Ҳасанзода кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Сино Ҳасанзода Сино Ҳасанзода, зиндонии сиёсӣ ва раиси шӯъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Панҷакент, 27 сентябри соли 1974 зода шудааст. Маълумоти олиро дар шаҳри Душанбе фаро гирифта. Ӯ яке аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик аст. Сино оиладор мебошад. Сино Ҳасанзода пас аз Алиҷон Аҳмадов, ки дар соли 2013... Читать далее →

Ба хотири як барг дарахтро насӯзем

“Чоршанбе худаш мегӯяд, ки ӯ на мухолифи давлат асту на намоянда ё аъзои кадом ҳизбеву гурӯҳе ва низ ҷои дигар мегӯяд, ки суханони ӯро бадхоҳонаш нодуруст тафсир карданд, балки: “ман омодаам зери дирафши Тоҷикистон баромад кунам ва 24 соъат дар як шабонарӯз пуштибони тоҷикон бошам”, мегӯяд. Ва суханҳои ӯро дар бораи ҳаводиси марз ҳам фаромӯш... Читать далее →

Паёми наврӯзии модари шаҳид ба мақомоти тоҷик

Певистамо Абдулмӯминова, модари шаҳид Гулбиддин Зиёбеков, ба муносибати Наврӯз, паёме катбӣ ба ҳукумати нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта. Ӯ дар ин паёми кӯтоҳи худ, бо табрики Иди Наврӯз ба ҳукумати нав, дуо кардааст, “ҳамаи онҳое, ки дар қатли писарам чун ҷосус иштирок доштанд, мисли ман сиёҳпӯш, ҷигарпора, заиф ва мотам насибашон шавад!”... Читать далее →

Чоршанбиев ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” маҳкум мешавад?

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, ошкор кард, ки баъд аз таътилоти наврӯзӣ ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА) эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин варзишкор ба ҷурми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ” (моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор хоҳад шуд. Ҷонӣ дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук бо... Читать далее →

Мавҷуда Соҳибназарова: “Наҷоти миллати мо дар дасти Зайд Саидов барин шахсиятҳост”

Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсии тоҷик, узви Шӯрои ПМТ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо сайти “Зиндониён”, бо баёни ин ки “барои банда Зайд Саидов як шахсият аст, ки дар чанд соли баъдӣ низ дар Тоҷикистон чун ӯро пайдо кардан ғайримумкин аст”, гуфт: “Наҷоти миллати мо дар... Читать далее →

Ин рӯзҳо дар деҳаи Тавдем модаре Наврӯз надорад

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар бораи ғаму ғуссае, ки имрӯзҳо Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин ба хотири аз даст додани писараш аз сар мегузоранд, навиштааст. Вай бо ишора ба ин ки “чор моҳ аз қатли Гулбиддин Зиёбеков гузашта”, ёдовар шудааст, ки аммо “на дигар гап аз тафтиши воқеа, на қотилони... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑