Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти Муҳибулло Нуриддинов - бародарзодаи марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран ӯро озод ва ба хотири боздошти беҷиҳати вай, аз ӯ узрхоҳӣ намоянд. КШНГЗС бо итминони комил мегӯяд, Муҳибулло Нуриддинов ҳеч айб ва гуноҳе ба ҷуз... Читать далее →
Гурӯҳи 44: “Агар Ифтихор Саидбеков озод нашавад, даст ба гирдиҳамоӣ мезанем!”
Дар ҳоле, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар як муроҷиати видеоӣ сипосгузории худро аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз барқарории адолат ва волоияти қонун дар Бадахшон изҳор доштанд, намояндагони мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон яке аз аъзои гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт карданд. Яке аз раҳбарони... Читать далее →
Муҳаммадсаъид Ризоӣ: “Иди ҳақиқии занҳо, расидан ба ҳаққи комили худ аст”
Домулло Муҳаммадсаъид Ризоӣ дар ёддоште, зимни табрики занони Тоҷикистон ба 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, бо баёни ин ки лозим аст аз бонувон тақдир ба амал ояд ва онҳо ба қавли ӯ, “шарики шафиқу исоргар дар зиндагӣ” ҳастанд ва ҳамчунин тавсияи ҷавонон ба ин ки “шарики зиндагии худро ҷустуҷӯ ва ҳамсарони шафиқу меҳрубон барои худ... Читать далее →
Мавҷуда Соҳибназарова дар гуфтугӯ бо ВВС-форсӣ: “Мо хостем, ҳам Озодаро табрик бигӯем ва ҳам таваққӯъ дорем, як армуғон ва тӯҳфае аз сӯи ӯ дар ин рӯз шавад”
Мавҷуда Соҳибназарова, аз раҳбарони опозитсияи тоҷик ва муовини раиси КШГНЗС, дар гуфтугӯ бо шабакаи ВВС-форсӣ, дар бораи чароии навиштани нома ба Озода Раҳмон, бо баёни ин ки “имрӯз (8 март) рӯзи байналмилалии бонувон аст ва мутаассифона дар Тоҷикистон мақом ва ҷойгоҳи зан фақат дар ҳамин рӯз ба ёди мардум меафтад ва арҷ мегузоранд”, гуфт: “Бинобар... Читать далее →
نامه سرگشده به آزاده رحمان
خدمت رئیس دستگاه اجرائیه رئیسجمهوری تاجیکستان، به یک زن - مادر، رحمان آزاده امامعلی از نام تعدادی از بانوان تاجیکستانی مقیم خارج کشور السلام علیکم نامهای که به شما مینویسیم، پیش از آنکه به رئیس دستگاه اجرائیه رئیسجمهوری تاجیکستان باشد، به یک زن - مادر است؛ زن - مادری که میداند، مادر یعنی کِی، و... Читать далее →
КШГНЗС: “Ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон ба шакли асафборе поймол мешавад”
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо судури баёнияе ба муносибати 8 март, Рӯзи байналмилалии бонувон, хотирнишон кардааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ин ки 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модар унвон кардааст, вале ҳуқуқи занону модарон дар Тоҷикистон нодида гирифта шуда ва ба шакли асафборе поймол мешавад. Машрӯҳи баёнияи КШНГЗС ба шарҳи зерин... Читать далее →
“Мо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар дорем!”
Шуморе аз бонувони тоҷики муқими хориҷи Тоҷикистон, дар номае саркушода ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроии президент, бо таъкид бар ин ки онҳо ба Зан-Модар будани Озода Раҳмон ҳанӯз бовар ва яқин доранд, ки ӯ “пеш аз ҳама ва қабл аз он ки Роҳбари Дастгоҳи падараш ва духтари Эмомалӣ Раҳмон бошад, як Зан-Модар аст”, аз... Читать далее →
Даъвати шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷик ва бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии фаврии Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон – (Акс ва видео)
Шуморе аз хоҳарон ва бародарони тоҷикистонии муқими Аврупо ҳамроҳ бо теъдоде аз бонувони фаъоли ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, дар маросиме дар Литвонӣ, аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, фавран Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз зиндон озод кунад. Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар суханоне дар ин маросим, бо ишора ба 8... Читать далее →
Тақдиру ташаккури Муҳаммад Тағоев аз ҳамаи онҳое, ки барои озодии ӯ талош кардаанд
Имрӯз (06.03.2022) дар ҷаласаи навбатии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) Муҳаммад Тағоев – блогер ва фаъоли маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ширкат кард. Ӯ, ки ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 дар Қазоқистон боздошт ва зиндонӣ шуда буд ва бо талоши дӯстон дар “Гурӯҳи 24”, КШНГЗС ва созмонҳои... Читать далее →



