Ба қалами МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор ва муовини раиси КШНГЗС Ҳукумати Тоҷикистон ба талаби пай дар пайи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбат ба аз байн бурдани шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар таваҷҷӯҳе зоҳир наменамояд. Ҳатто муроҷиати хаттии наздикони зиндониён ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҷавоб... Читать далее →
Мақсуд Иброҳимов кист?
Мақсуд Иброҳимов, мутаваллиди 3 ноябри соли 1978, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, сокини вилояти Ростов ва инак дар маҳбас дар Тоҷикистон аст. Ӯ поягузори ҷунбиши "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" мебошад. Мақсуд дар таърихи 20 январи соли 2015 дар Маскав нопадид шуд ва баъди чанд ҳафта мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ӯ ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.... Читать далее →
Депорти Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон лаккаи нанге ба чеҳраи Аврупост
Ба қалами МАҲМУДҶОН ФАЙЗРАҲМОНОВ, раиси департаменти умури хориҷаи ПМТ Депорти Ҳизбулло Шовализода, шаҳрванди Тоҷикистон ва фаъоли тоҷик, аз Австрия ба Тоҷикистон бо вуҷуди ҳушдорҳои шадиди созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз авоқиби он, як лаккаи нанге бар демократия ва озодихоҳии Аврупо ба шумор меравад. Баъди он ки ҷаноби Шовализода аз Австрия ба Тоҷикистон депорт шуд, ӯ бо... Читать далее →
Дар Бадахшон чӣ гузашт?
Ба қалами узви КШНГЗС аз Бадахшон, ки нахост номаш фош шавад Имрӯз 24 декабри соли 2021 аст. Фардо 25 декабр. Як моҳ мешавад, ки дар зодгоҳи ман Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷиҳати масоҳат аз бузургтарин вилоятҳои кишвар буда, 226900 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳукумати вақт дастрасӣ ба интернетро масдуд кардааст. Як моҳ мешавад, ки... Читать далее →
“То ҷон дар бадан дорам, аз ҳаққи падарам дифоъ мекунам”
Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳаминак дар зиндон ба сар мебарад ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар гуфтугӯ бо Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС), бо баёни ин ки се моҳ боз берун аз... Читать далее →
Саидумар Ҳусайнӣ кист?
Ба муносибати Ҳафтаи Саидумар Ҳусайнӣ Саидумар Ҳусайнӣ (Ҳусайнов Умаралӣ Фаттоҳович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини аввали раиси ҲНИТ, собиқ вакили парлумон ва номзади илмҳои фалсафа аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ӯ соли 1961 дар ноҳияи Мӯъминободи Кӯлоб дар оилаи коргар ва рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Вай субҳи 16-уми сентябри... Читать далее →
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров кист?
Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод аст. Ӯ яке аз раҳбарони ИНОТ ва аз муҳимтарин фармондеҳони водии Рашт дар солҳои ҷанг ва пурнуфузтарин қӯмандони Тоҷикобод ба ҳисоб мерафт. Искандаров баъд аз ҷанг дар вазифаҳои мухталиф аз ҷумла ба унвони вазир дар “Тоҷикгаз” кору фаъолият кардааст. Ӯ аз соли... Читать далее →
Сураҷ Назаров кист?
Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон Назаров Сураҷ Хушвақтович, зодаи 9 сентябри соли 1975 дар рустои Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Сураҷ мактаби миёнаи рақами 4-и маркази ноҳияи Ванҷро хатм кардааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ ва дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон таҳсил ва онро бо муваффақият хатм... Читать далее →
Димон Ашӯров кист?
Ба муносибати Ҳафтаи зиндониёни сиёсии Бадахшон Димон Ашӯров, ки ба Давлатбек низ маъруф аст, зодаи 13 декабри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Димон дар рӯзи 20-уми августи соли 2012 аз ҷониби нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ ба гумони ҳамдастӣ бо Имомназар Имомназаров дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба... Читать далее →



