Фарҳод Одинаев: “Қурбон Маннонов агар шарти мақомотро мепазируфт, на зиндонӣ мешуд ва на шаҳид”

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ёдоварии рӯзи шаҳодати шаҳид Маннон Қурбонов, навиштааст: “Дар 16-уми августи соли 2016, раиси бахши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шаҳри Норак, Қурбон Маннонов дар Муассисаи ислоҳии 3/4 шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид.” Фарҳод Одинаев дар идома, бо баёни ин ки... Читать далее →

Дадоҷон Ёқубов: “Домулло Абдусаттор то андозае поктинат буданд, ки ҳатто дар ҳаққи золимон ҳам касе аз забонашон сухани тираро нашунидааст”

Дадоҷон Ёқубов, иқтисоддон, номзади илм, собиқ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, узви ҲНИТ ва аз дӯстони деринаи Домулло Абдусаттор, бо таъкид бар ин ки Домулло “офтобе буданд, ки аз рухсораашон нур борида меистод” ва нисбати ҳизбиён ва ҳамдеҳаҳояшон муҳаббати фавфулъода доштанд, тасреҳ кардааст: “Бобоев Абдусаттор то андозае поктинат буданд, ки ҳатто дар ҳаққи золимон ҳам касе... Читать далее →

Ҷунайдуллоҳ Худоёров: “Умедворам, мурофиаи модару хоҳарам мунсифона ва беғаразона ҳаллу фасл шуда, ин парвандаи сохта қатъ гардад!”

Дирӯз (26-уми апрели 2022) дар бинои суди ноҳияи Рашт навбати сеюуми мурофиаи додгоҳи Мавҷигул Ғарибоваи 66-сола, модари Ҷунайдуллоҳ ва Фарҳод Худоёровҳо ва хоҳари онҳо, Валамат Худоёроваи 34-сола баргузор шуд. Ба гуфтаи Ҷунайдуллоҳ, дар ин навбат аз мурофиа “ҳамаи суханҳо ва нишондодҳои бардурӯғи шоҳидони ташкилнамудаи чанде аз кормандони милитсия ва “ҷабрдида” ошкор гардидаанд ва шармандагии онҳо... Читать далее →

Бародари шаҳид Ҳоҷӣ Ҳалим: “Чӣ тавр дар як лаҳза тӯҳматат мекунанд ва туро аз арш ба фарш поин меоваранд”

Ба муносибати Ҳафтаи шуҳадои зиндон Низомиддин Назаров, бародари шаҳид генерал Ҳоҷӣ Ҳалим, бо баёни ин ки “то сентябри соли 2015 писараммаам, Рустам, ки як мутахассиси соҳаи оҳан ва шаҳрванди муфид барои ҷомеаи Тоҷикистон буд, чӣ тавр дар як шаб ҷинояткор ва ба 10 сол зиндон маҳкум шуд?”, хотирнишон кардааст: “Аз ин маълум мешавад, ки дар... Читать далее →

Амир Қаюмов: “Миллати мо ба қадри фарзандони асилаш намерасад”

Амир Қаюмов, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, бо баёни ин ки шаҳид Махдуми Абдусаттор “дар зиндон будан ва маргро авлотар аз сархам кардан пеши золим” донистааст, хотирнишон кард: “Як миллати 9 милионнафараи мо даҳҳо чунин шахсияти сарбаланд дорад, ки шарофату кароматашонро бо қимати ҷон ҳам аз даст доданӣ нестанд. Дар Русия як Навалний ҳаст, ки... Читать далее →

Ҷузъиёти шаҳодат ва маросими ба хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев аз забони Илҳомҷон Ёқубов

Илҳомҷон Ёқубов ҷузъиёти наверо дар бораи чигунагии маросими ҷаноза ва хоксупории шаҳид Умедҷон Тоҷиев баён дошт. Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, бо ишора ба шаҳодати Умедҷон Тоҷиев ва маросими хоксупории ӯ дар январи соли 2014, гуфт: “Вақте Умедҷонро ба шаҳодат расонданд, ман раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд... Читать далее →

Ризоӣ: “Гуноҳи Таваккал Бобоев мардумӣ будани ӯст”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар ёддоште ба муносибати Ҳафтаи Таваккал Бобоев, сабаби ба зиндон равона карда шудани Таваккал Бобоев ва амсоли ӯ аз сӯи режими Раҳмонро мардумӣ будани онҳо донист. Вай афзуд, Таваккал Бобоев ба айбу ҷурми “мардумӣ будан, озодӣ ва адолатхоҳӣ дар ҳаққи кишвар ва... Читать далее →

Дар Тоҷикистон ҳукмро додгоҳ содир намекунад, балки мақомот

Анора Саркорова, рӯзноманигор Додгоҳ ҳукм содир кард. Додгоҳ дар кишварҳое ҳукм содир мекунад, ки қонун дар онҳо амал мекунад ва қонунмадор ҳастанд. Дар Тоҷикистон аммо, ҳукмро мансабдорони баландпоя содир мекунанд ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ содир мекунад ё додситонӣ (прокуратура) ва ё гоҳе ҳам ВКД ва хулоса, афроде ҳукм содир мекунанд, ки як манфиат доранд,... Читать далее →

7 саволи модари Гулбиддин Зиёбеков аз КДАМ

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар номае ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳанд. Певистамоҳ Абдулмӯъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, дар номае саркушода ба масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), 7 савол матраҳ карда ва хостааст, масъулони ин ниҳод ба саволҳои ӯ посух диҳанд.... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑