Абусаттор Бобоев: “На як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на як созмони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба ҷонибдории Муяссару Ифтихор садо баланд накарданд”

Суханронии Абдусаттор Бобоев дар сайдевенти (чорабинии паҳлӯӣ) бахшида ба вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, 05.10.2022. Варшава Хонумон ва ҷанобон! Дар ин ҳафта, ки конфронс идома дорад, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ду нафареро, ки моҳи июли соли ҷорӣ барои ҳамкорӣ бо “Комиссияи 44” ба муддати тӯлонӣ ба зиндон фиристода шуда буданд,... Читать далее →

Танқиди Хайрулло Мирсаидов аз кишварҳои ғарбӣ ба хотири тамҷидашон аз рафтори ҳукумати Тоҷикистон дар баробари мунтақидон

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақилли тоҷик, бо ишора ба зиндонӣ карда шудани Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз сӯи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ёдовар шуд, ки ба зиндон фиристодани рӯзноманигорон дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ аз шумори “ифротгароёни маҳкумшуда” дар Тоҷикистон изҳори хурсандӣ мекунанд ва дар бораи саҳми ин кишвар (Тоҷикистон) дар мубориза бо “терроризм” сухан мегӯянд. Ба гузориши... Читать далее →

Ин чӣ гуна адолати судӣ аст?

Фарҳод Худоёров Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони боздоштшуда Беқонунӣ ва ҷиноят аз ҷониби мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аъло расидааст. Далели ин гуфтаҳо журналистони боздоштшуда Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳамадзода, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Сайидаминӣ, Mуҳаммадсултон Малоназаров, Улфатхонум Мамадшоева, Ҳушоми Ғулом (ва дигарон) мебошанд. Таҷриба нишон додаст, ки мақомоти тафтишотӣ пешакӣ ҳар маводди сохта ва... Читать далее →

Таджикистан сегодня

Анора Саркорова Хорогский городский суд приговорил к 11 годам тюремного заключения 28-летнего видеооператора Муяссара Садоншоева, признав его его виновным в государственной измене. Об этом сообщает радио «Озоди». Суд признал Садоншоева виновным в госизмене (статья 305 УК РТ). Власти Таджикистана обвинили видеооператора в сотрудничестве с общественной группой гражданских активистов «Комиссия -44», созданной для урегулирования конфликта и... Читать далее →

Гуфтани воқеияти Помирро ҳукумат хиёнат медонад

Рустами Ҷонӣ 24-уми июн ду журналисти помирӣ, Муяссар Садоншоев 11 сол ва Ифтихор Саидбеков 10 сол ҳукми ҳабс гирифтанд. Суди саркӯбгар онҳоро бо банди "хиёнат ба ватан" гунаҳкор донист. Ин ду ҷавон, ба қавли мақомоти тоҷик, муроҷиатҳои "Комиссияи 44"-ро навор мегирифтанд, танзим карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд. Муҳтавои ин муроҷиатҳо қонунӣ буданд ва кирдори... Читать далее →

Абдуманнон Шералиев: “Мардум онҳоро комилан фаромӯш кардаанд”

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони боздоштшуда Абдуманнон Шералиев, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ишора ба боздошти чаҳор рӯзноманигор ва блогери маъруф аз сӯи режими Раҳмон, навишт: “Аз 9 миллион сокини кишвар ҳазор нафар пайдо нашуд, ки садои эътироз баланд ва аз онҳо ҳимоят кунад.” Вай афзуд, мардуме, ки... Читать далее →

Изҳори назари Шӯҳрати Раҳматулло роҷеъ ба маҷаллаи ихтисосии КШНГЗС дар бораи Бадахшон

Шӯҳрати Раҳматулло, фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигори маъруф, дар ҳошияи нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар ин рӯзҳо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Поланд) дар ҳоли баргузорӣ аст, бо гузоштани се акс дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, дар бораи маҷаллаи ахири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ки дар... Читать далее →

Панҷ хислати устод Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ Илҳом Ёқубзода Оё Шумо Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносед? Ман ифтихор аз он дорам, ки ин шахсияти бузург ва қаҳрамони даври мо устод Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносам. Ӯ як қаҳрамони зинда аст, олиму донишманд, мутафаккир, руҳонӣ, исломшинос, сиёсатшинос ва рӯзноманигор. Пеш аз ҳама номи ин бузургворро мешунавам ва ё мехонам,... Читать далее →

Зодрӯзат хуҷаста бошад Сураҷ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Сураҷ Назаровро табрик мегӯяд. Назаров Сураҷ Хушвақтович дар таърихи 9 сентябри соли 1975 дар рустои Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи рақами 4-и маркази ноҳияи Ванҷро хатм ва дорои маълумоти олӣ аз Донишкадаи... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑