Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои ду фаъоли шаҳрвандӣ, Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, Холбаш Холбашев, ки ахиран дар пайи ҳодисаҳои Бадахшон боздошт шуданд, ихтисос додааст. Барои ошноӣ бо шарҳи ҳоли ин ду фаъоли маданӣ, азизон лутфан шарҳи ҳоли онҳоро мутолеа кунанд. Ва аммо мавзӯе, ки дар ин ёддошт... Читать далее →
Хотирае бисёр шуниданӣ дар бораи Умаршоҳ Давлатов
Ба муносибати Ҳафтаи Умаршоҳ Давлатов Маҳмадӣ Тешаев, аз дӯстони бисёр наздики Умаршоҳ Давлатов ва раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳанда зиндагӣ мекунад, хотираи бисёр аҷибе аз зиндонии сиёсӣ, Умаршоҳ Давлатов нақл кард. Вай гуфт: “Дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳар ҳафта... Читать далее →
Ҷасуру нотарс ва устувор дар мавқеъи худ
Ба баҳонаи зодрӯзи устод Саидумар Ҳусайнӣ Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Нишонаи соҳиби қазия ва ҳадафи олӣ будан ин устворӣ, исор ва аз худгузаштагӣ аст. Ҷасорат, нотарсӣ, садоқат бар аҳду паймон, роҳ надодан ба шакку тардид ба худ дар роҳи интихобнамуда ва бовариву қадрдонӣ ба ҳамсафон ва дар ниҳоят худро фидо кардан барои амнияти ҳамроҳон ва ҳадаф,... Читать далее →
Аксҳое аз саркӯби мардуми осоишта дар Бадахшон
Анора Саркорова дар ёддоште аксҳоеро аз эътирози мардуми осоиштаи Бадахшон ба рафторҳои ғайриқонунии КДАМ ва ВКД гузоштааст. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуда: “Душанбеи расмӣ иддао дорад, ки эътирозгарон гӯё мусаллаҳ буданд. Ҳоло, аксҳои ширкаткунандагон дар эътирози маданиро мунташир мекунам. Аксҳо ба равшанӣ нишон медиҳанд, ки аҳолии осоишта ягон силоҳ надоранд ва дошта ҳам наметавонистанд. Тазоҳуроти рӯзи... Читать далее →
Рустами Ҷонӣ: “Рӯзи додхоҳӣ наздик аст”
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, бо ишора ба фоҷеаи Рӯшон, ки режими Раҳмон дар он беш аз 20 нафар шаҳрванди мусолиматомезро ба қатл расонда ва садҳо нафари дигарро захмӣ намудааст, навишт: “Яке аз фаъолони помирӣ дар мукотиботи шахсӣ хабар расонд, ки мақомоти тоҷик ӯро парванда кардаанд.” Ҷонӣ аз забони ин тоҷики бадахшонӣ навишт, ки ӯ... Читать далее →
Ду қаҳрамон ва ду улгу
Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ин ки пештар ду ҳафтаро барои ҳар як аз Ҳоҷӣ Муҳаммадшариф Набиев ва Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов ихтисос ва дар бораи онҳо маълумот додааст, вале ба ҷиҳати аҳаммияти ин ду азизи зиндонӣ, ҳафтаи пеши... Читать далее →
Раҳматуллоҳи Раҷаб! Зодрӯзат хуҷаста бошад!
Имрӯз (5 июн) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Раҳматуллоҳи Раҷаб аст. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ӯро ба ин муносибат табрик ва зимни таманнои озодии ҳарчи зудтари вай аз зиндон, барояш комёбиҳо дар зиндагӣ мехоҳад. Ҳамчунин, ба дӯстон ва наздикони ӯ бахусус ҳамсари гиромии вай, бону Валамат Иброҳимзода, духтари гиромиаш, бону Нилуфар Раҷабова... Читать далее →
“Як ҳукумати нолоиқ ҷое барои афроди лоиқаш ба ҷуз зиндон надорад”
Бобоҷон Қаюмов Ин ҳафтаро Кумитаи наҷоти зиндониён ҳафтаи Абдусамад Ғайратов эълон кардааст. Абдусамад узви Раёсати Олии ҲНИТ ва чанд бор номзад ба вакили маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Кӯлоб буд. Дар баробари ин фаъолиятҳо ӯ соҳибкорӣ ҳам мекард. Корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ дошт. Ёдам ҳаст, як китобфурушие низ роҳ андохта буд ва онҷо барои афроди китобхоне,... Читать далее →
Рушанская резня – история в лицах (май 2022)
Анора Саркорова Каждое утро Джумъаназар Баёзов провожал жену на работу, и утро 18 мая не стало исключением. Сразу после возвращения домой к нему пришли силовики и увезли в отдел под предлогом проверки личности. Военные проводили подомовой обход. Забирали всех мужчин без исключения, так в отделе милиции оказались почти все соседи Баёзова. Джумъаназар Баёзов не принимал... Читать далее →



