اساسیترین دلیل «امامعلی رحمان» و همراهانش بر یورش به بدخشان - که این «دلیل» به نظر میرسد، برای برخی از «نخبهها»ی تاجیک و روزنامهنگاران نیز مورد پسند است و سکوتشان «علامت رضا»ی آنها بود - این، همانطور که ادعا میکنند، جاری کردن «نظم و ترتیب» و به سخنی دیگر، «قانونمدار» ساختن مردم این منطقه است.... Читать далее →
Аз назари Раҳмон, инсон гӯ ин ки як гов аст, ки кофист охураш аз алаф пур бошад ва шикамаш сер
Асоситарин “далел”-и Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонаш бар юриш ба Бадахшон – ки ин “далел” ба назар мерасад, барои бархе аз “нухбаҳо”-и тоҷик ва рӯзноманигорон низ мавриди писанд аст ва сукуташон “аломати ризо”-и онҳо буд – ин, ҳамон тавр ки иддао мекунанд, ҷорӣ кардани “назму тартиб” ва ба сухани дигар, “қонунмадор” сохтани мардуми ин минтақа аст.... Читать далее →
Хуш он марде, ки бо иззат бимирад
Хуш он марде, ки бо иззат бимирад, На дар хориву дар зиллат бимирад. Варо мадфан бувад дар қалби миллат Агар дар паҳлӯи миллат бимирад. (Пайрави Иқбол) خوش آن مردی که با عزّت بیمیرد نه در خاری و در ذلت بیمیرد ورا مدفن بود در قلب ملّت اگر در پهلوی ملّت بیمیرد پیرو اقبال
Мард он, ки…
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед, Аз қисмати худ розию саршор бимирад. Мард он, ки сабуктар бикунад бори Заминро, Бо умри гаронбор, гаронбор бимирад. Бо дӯсти наздик равад манзили дуре, Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад. Дар... Читать далее →
Ҷузъиёти ба шаҳодат расидани Мамадбоқир Мамадбоқиров аз забони шоҳидони воқеа
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште, ҷузъиёти чигунагии ба шаҳодат расидани Мамадбоқир Мамадбоқировро аз забони шоҳидони воқеа навиштааст. Машрӯҳи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст: “Маҳмадбоқир рӯзҳои охир таҳти фишори шадид буд. Қариб аз хона намебаромад. Аз ҳар гӯша мерганҳои ҳукумат ба ӯ менигаристанд. 22-уми май наздик ба соати 17-00 гуфтааст, мехоҳад дар ҳавои тоза... Читать далее →
Чаро ҳукумат дар бораи марги Маҳмадбоқир дурӯғ мебофад?
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ дар ёддоште, бо ишора ба шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба дасти низомиҳои ҳукуматӣ, бо баёни ин ки мақомот исрор доранд бигӯянд, ки “Маҳмадбоқирро “ҳамаслаконаш” куштаанд ва ба ҳар васила мехоҳанд намоянд, ки ҳукумат ӯро қатл накардааст”, ёдовар шуда: “Зиёда аз 7 моҳ мерганҳои ҳукумат фурсати муносиб меҷустанд, ки ӯро ҳадафи тир қарор диҳанд... Читать далее →
Шаҳидон зиндаанду ёдгоранд…
Шаҳодат бод пирӯзат қӯмондони бадахшонӣ! Ғурурат хуфта дар номуси мардони бадахшонӣ! Зи дасти подаи аъдо надидӣ рӯзи беҳ акнун! Бихоб осуда ҳоло шери майдони бадахшонӣ! Шаҳодат бод пирӯзат қӯмондони бадахшонӣ! (Пайрави Иқбол)
Рустами Ҷонӣ хитоб ба рӯзноманигорон: “Чун гап дар бораи воқеанигори асил рафт, хап-хап мегардед”
Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште кӯтоҳ, бо ишора ба боздошти бону Улфахоним Мамадшоева, журналистҳое, ки сокит ва хомӯшанд сарзаниш карда, навиштааст: “Баъзан аз дузд журналист сохта, ҳангома карда аз зиндон мераҳонед, гоҳе шахси ҳич ба рӯзноманигорӣ рабт надоштаро ба қурбонӣ табдил медиҳед, гоҳе як ҳамдеҳаи чизе накардаву нашнохтаро ба рамзи воқеанигориву озодӣ табдил медиҳед. Аммо... Читать далее →
Нома аз он дунё
барои номардону нокасон Ман силоҳ надоштам. Ман боре автоматро ба даст нагирифтаам. Ҳатто камони оддиро. Ман пеши роҳи шуморо гирифтам, то бародари маро накушед. Ва шумо ҳам кушта нашавед. Аммо ту ва ҳамроҳони ту ба сӯи ман тир андохтед. Ту маро куштӣ. Гӯё аз паси мили милтиқ чашмони маро намедидӣ. Гӯё намедидӣ, ки ман бо... Читать далее →



