Стив Свердлов, ҳуқуқшиноси маъруф, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон дар донишгоҳ ва пажӯҳишгари собиқи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), ҳукми додгоҳи Хуҷанд нисбати хонаводаи Ёқубовҳоро, “саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ” хонд. Вай дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт: “Як мавриди дигар аз саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ дар Тоҷикистон. Хонаводаи Илҳом Ёқубов, фаъоли... Читать далее →
Абдусаттор Бобоев: “Магар Илҳомҷон ва падари гиромиаш хоки Тоҷикистонро ба касе фурӯхтаанд, ки ба унвони хоини миллат маҳкум гарданд?”
Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз хонаводаи Ёқубовҳо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо баёни ин ки КШНГЗС имрӯз вазифаи худ медонад, ки “дар баробари ин ҳукми ғайри одилона, ҳимояти худро эълон кунад ва аз Илҳомҷон ва Ҳоҷӣ Бобо Дадоҷон Ёқубов дифоъ кунад”, гуфт: “Ҷойи таассуф аст, ки ба... Читать далее →
Паёми таслият ба хотири даргузашти Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳ Комилов
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун Тибқи хабаре, ки имрӯз ба мо расид, Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, ки ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, дар зиндон аз ин дунё реҳлат намудааст. Раҷабалӣ Комилов як умр ранҷ дидааст. Дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ӯ ё зери фишору таъқиб буд ё зиндонӣ.... Читать далее →
Гузориши аз ҷаласаи солонаи Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
Дирӯз дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ҷаласаи солонаи Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласа раиси Кумита Бобоев Абдусаттор аз яксола фаъолияти Кумита гузориши муфассал дода истеъфои худро эълон кард. Баъд аз баррасии гузориши раис интихоботи раиси ҷадид оғоз шуд. Номзадии 5 нафар аз ҷониби аъзоёни кумита ба раҳбарӣ пешниҳод шуданд:... Читать далее →
Хушом Ғулом ҷарроҳӣ шудааст
Рӯзноманигор ва блогнавис Хушрӯз Ҷумаев, ки бо тахаллуси Хушом Ғулом маъруф аст, имрӯз дар бемористони маҳбаси шаҳри Душанбе як амалиёти мураккаби ҷарроҳиро аз сар гузаронидааст.Амалиёт бо сабаби шиддат ёфтани бемории варикостелле гузаронида шудааст. Ин беморӣ имкон дорад дар натиҷаи шиканҷаи шадид, аз ҷумла зарбаи барқ, ки Хушом Ғулом дар ҳафтаҳои аввали баъди боздошташ аз сар... Читать далее →
ПАЁМИ ШОДБОШӢ
Имрӯз зодрӯзи ду бародар, ҳамсангар ва шахсиятҳои нек Илҳомҷон Ёқубов ва Иззатуллоҳ Қурбонов мебошад. Ду шахсияти хастанопазир ва пурталош, ки дар кори Кумитаи Наҷот ҳам саҳми хеле бузург гузоштаанд. Илҳомҷон Ёқубов аз рӯзи аввали таъсисёбии ин кумита аъзои он буда, масъулиятҳои гуногунро ба гардан дошт ва тӯли 5 соли фаъолияти кумита ҳамеша аз нафарони фаъолтарин... Читать далее →
Имрӯз зодрӯзи шаҳид Ёдгор Ғуломҳайдаров аст.
Қатли ноҷавонмардонаи ӯ аз ҷумлаи эъдомҳои ғайриқонунӣ (бидуни додгоҳ) аз ҷиноёти нобахшидании низом аст, ки бе баргузории додгоҳу додрас ӯро ба қатл расондаанд. Ҷиноятҳои хунини бе қарори додгоҳу додрас "безарар" гардонидани ашхоси барои низом номувофиқ дасту оринҷи ин низомро ғарқи хуни мардуми бегуноҳ кардааст. Дар ҳудуди солҳои 2012-2022 дасти кам 75 нафар зодаи Бадахшон таввасути... Читать далее →
Шавкати Муҳаммад: “Мутаассифона, то ба ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи макони додарам пайдо накардаем”
Мусоҳиба бо Шавкати Муҳаммадуҳаммад дар бораи истирдод бародараш ба Тоҷикистон ва нопадид шудани ӯ. Зиндониён: Дуруд бар Шумо! Сараввал мехостам дар бораи бародаратон маълумот медодед. Оё ӯ узви ягон ҳизбу ҳаракати сиёсӣ буд ё не? Шавкати Муҳаммад: Додарам, Шарипов Аслиддин, санаи таваллудаш 25 ноябр соли 1987, зодаи деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт буда,... Читать далее →
Даст аз зулм бардоред!
Аз рӯи хабарҳои ҳамин рӯзҳо расида истода дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ ҳаррӯз ба хонаи пайвандони мухолифони худ ҳуҷум карда падару модар акаву додар ва ҳатто кӯдакони хурдсолро бо худ бурда истодаанд. Кору рафтори мақомоти Тоҷикистон ба кору рафтори артиши авбошон ва роҳзанҳо монанди дорад. Ин рафтори онҳо ҷиноят аст. Ва ҳар як амали онҳо бечунучаро... Читать далее →



