Озодиат хуҷаста бошад!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) раҳоӣ ва озодии зиндонии сиёсӣ Асроруддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, аз роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки имрӯз аз зиндони шаҳри Хуҷанд озод шуд, дар навбати аввал ба қиблагоҳи бузургвораш ва сипас шахси Асроруддин ва ҳама аҳли хонаводаи ӯ мубораку шодбош мегӯяд. Панҷ сол сабру истиқомат... Читать далее →

Зодрӯзатон хуҷаста бошад ҷаноби Домулло ва Асроруддини арҷманд!

Дар ҳадисе саҳеҳ аст аз Паёмбари Акрам (с), ки:  إنّ أشدَّ النّاسِ بلاءً الأنبياءُ، ثُمّ الّذين يَلُونَهُم، ثُمّ الأمْثَلُ فالأمثلُ “Сахттарини балоҳо ва озмоишҳоро паёмбарон аз сар мегузаронанд, пас аз онҳо, ҷонишинони онҳо ва сипас ба тартиб, касоне, ки назди Худо мақоме арҷмандтар доранд.” Яъне агар дидед, касе аз мӯъминон гирифтори сахттарини балоҳост, бидонед ӯ... Читать далее →

Зодрӯзатон хуҷаста бошад!

Имрӯз (8 август) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ Домулло Зубайдуллоҳ Розиқов ва ҳамзамон зодрӯзи фарзанди барӯмандаш, ки ӯ ҳам дар зиндон аст, Асроруддин мебошад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин падару писарро ба ин муносибат табрик мегӯяд ва таманно дорад, Худованди Мутаъол онҳоро ҳар чи зудтар аз сиёҳчоли режими Эмомалӣ Раҳмон озод созад.... Читать далее →

Зиндонӣ кардани 19 тан аз нухбаҳои тоҷик ба ҷурми “хиёнат ба Ватан”

Ба муносибати Ҳафтаи донишҷӯёни зиндонӣ Режими Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш 19 тан аз нухбаҳои тоҷикро, ки баъзе устоди донишгоҳ, баъзе пажӯҳишгар ва баъзе донишҷӯ ҳастанд, ба ҷурмҳои пуч ва воҳӣ аз ҷумла “хиёнат ба Ватан” зиндонӣ кард. Иттиҳомҳое, ки ин азизон ба шиддат онҳоро рад кардаанд, ба хусус “хиёнат ба Ватан”-ро. Асосан, иттиҳоми “хиёнат... Читать далее →

Баёнияи КШНГЗС оиди боздошти бастагони зиндониёни сиёсӣ

Ҳисомуддин Розиқов, фарзанди зиндонии сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи ҲНИТ, хабар дод, ки соати 10 субҳи 25 июни соли ҷорӣ бародараш Асроруддин Розиқов (соли таваллуд 1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе)-ро маъмурони КДАМ боздошт карданд. Ба гуфтаи Ҳисомуддин Розиқов, хонаводаи онҳо як шабонарӯз дарак надоштанд, ки Асроруддин куҷост ва фақат баъд аз ҷустуҷӯ буд, ки... Читать далее →

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑